ТУТ ДАЪВАТ КАРД, КИ ДАР МУНОСИБАТ БО КОВИД-19 ҲУШЁРӢ АЗ ДАСТ ДОДА НАШАВАД. Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар Тоҷикистон кадом қарорро қабул намуд?

Апрель 14, 2022 12:46

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи коронавирус аз хотимаёбӣ ҳанӯз дур аст, ҳоло вақти он нест, ки нисбат ба COVID-19 “ҳушёриро кам» кунем. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ташкилот оид ба вазъ бо COVID-19 11 апрел зимни ҷаласа ба чунин хулоса омад, гуфт раиси он Дидйе Уссен.

«Мутаассифона, пандемия аз хотимаёбӣ ҳанӯз дур аст, вирус ҳоло ҳам фаъол аст, фавт баланд аст, худи вирус ба таври пешгӯинашаванда инкишоф меёбад. Як рӯз пеш Кумита якдилона тасмим гирифт, ки ҳанӯз лаҳзае фаро нарасидааст, ки мо тавонем ҳушёрии худро камтар кунем ”-гуфт Уссен дар брифинг.

Дар навбати худ, Директори генералии ТУТ Тедрос Адханом Гебрейюс гуфт, ки ҳафтаи гузашта шурӯъ аз оғози пандемия камтарин шумораи фавт аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар бархе аз кишварҳо то ҳол афзоиши ҷиддии гирифторӣ мушоҳида мешавад, ки ин ба кори бемористонҳо фишор меорад.

Тибқи гузориши эпидемиологии ҳарҳафтаинаи ТУТ, мизони гирифторӣ ба коронавирус дар як ҳафтаи охир 24% ва фавт 18% коҳиш ёфтааст. Дар гузориш инчунин муайян карда мешавад, ки ба ин тамоюлҳо бояд бо эҳтиёт муносибат кард, зеро якчанд кишварҳо стратегияҳои санҷиши вирусро тағйир медиҳанд, ки дар натиҷа санҷишҳо камтар гузаронида шуда, ҳолатҳо камтар ошкор карда мешаванд.

Дар тӯли тамоми давраи пандемия дар ҷаҳон тақрибан 500 миллион ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуда, беш аз 6,1 миллион нафар фавтидаанд.

Қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус аз 7 марти соли равон, дар Тоҷикистон шурӯъ аз 15 март якчанд маҳдудият, аз ҷумла пӯшидани ҳатмии ниқобҳои тиббӣ бекор карда шуд. Дар ҳамин ҳол, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки “корҳоро оид ба гузаронидани чораҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемиявӣ идома диҳанд”.

АМИТ «Ховар» 31 марти соли равон ҳамчунин хабар дод, ки дар Тоҷикистон масунияти дастҷамъона бар зидди коронавирус пурра ташаккул ёфт. Ба иттилои  мухбири агентӣ, дар ин бора арқоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат гувоҳи медиҳанд.

Тибқи маълумоти вазорат, то 27 марти соли равон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар бар зидди коронавирус эм гирифтаанд, ки ин 92,2 фоизи аҳолии аз 18-сола болои кишварро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар (87,5%) вояи дуюми ваксинаро гирифта, то санаи зикргардида 1 миллиону 89 ҳазору 922 нафар (19,5 фоиз) вояи сеюм гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳанс Клюге, роҳбари минтақаи аврупоии ТУТ, ки ба он Тоҷикистон низ шомил аст, чанде пеш изҳор дошт, ки ҳангоми эм гирифтани 80 фоизи аҳолӣ бар зидди COVID-19 масунияти дастҷамъӣ пайдо мешавад. Ӯ дар ин бора, аз ҷумла дар суҳбат бо мухбири рӯзномаи «Handelsblatt» тазаккур дод.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори охир 17 феврали соли равон се ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда буд. Дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирии COVID-19 дар Тоҷикистон 17 388 нафар сироят шуда, 17 249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва 124 нафар шаҳрвандони кишвар фавтидаанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2022 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон