Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Сафири Фаронса масоили мубориза бо терроризму экстремизмро баррасӣ карданд

Апрель 5, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз қабили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳро мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Оид ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастҷамъона дар ин самт таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд», — омадааст дар иттилоия.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкорӣ изҳор намуданд.

АКС: ВКД

Апрель 5, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад