Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар Мелбурн доир мешавад

Май 22, 2022 10:57

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мелбурн (Австралия) мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр) эълон шуд. Мусобиқа бояд дар Қазон доир мегардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) моҳи март ба ҷустуҷӯи мизбони нав оғоз кард. FINA дар доираи вокуниш ба ҳамлаи низомии Русия ба Украина Қазонро аз ҳуқуқи мизбон маҳрум карда буд.

Қарор аст, ки Австралия бори аввал мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаҳои кӯтоҳ гардад. Чемпионати ҷаҳон дар Маркази варзиши обӣ дар Мелбурн аз 13 то 18 декабр баргузор мешавад.

Президенти FINA Ҳусайн Ал-Мусаллам гуфтааст: «Федератсияи байналмилалии шиноварӣ хушҳол аст, ки кишвари Австралия бори аввал Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр)-ро мизбонӣ мекунад. Австралия як анъанаи бузурги шиноварӣ дорад ва мо бесаброна интизори сафар ба Мелбурн ҳастем».

Маркази варзиши обӣ дар Мелбурн қаблан соли 2007 Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ, инчунин бисёр чорабиниҳои Ҷоми ҷаҳониро баргузор карда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр) охирин чорабинии бузургест, ки ба Австралия дода мешавад, зеро ин кишвар ҳамчун мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ — Брисбен 2032 тасдиқ карда шуда буд.

Қазон Чемпионати ҷаҳон оид ба шиновариро низ доир намекунад. Ин чорабинӣ дар пойтахти Перу – шаҳри Лима баргузор хоҳад шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 22, 2022 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт