Дар 4 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 963 тонна моҳӣ истеҳсол гардид

Май 30, 2022 11:23

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 4 моҳи соли равон дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон 963,8 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 219 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора зимни машғулияти илмию амалии ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, ки 26-27 май дар вилояти Суғд баргузор гардид, гуфта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Дар машғулият муовини якуми Вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода зикр намуд, ки маҳз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 ба соҳаи моҳипарварӣ имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ дода шуданд. То ин давра бо истифодаи имтиёзҳои додашуда соҳаи моҳипарварӣ босуръат рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва истеҳсоли моҳӣ марҳила ба марҳила зиёд гардида истодааст.

«Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 372 адад, аз ҷумла дар вилояти Суғд 32 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд аст, — тазаккур дод ӯ. Аз рӯи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 майи соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 963,8 тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд 285,1 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 219 ва 47,4 тонна зиёд мебошад».

Зикр гардид, ки тайи солҳои охир саҳми ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт ва ҶДММ «Корпоратсия Моҳии Тоҷик» дар пешрафти соҳаи моҳипарварии вилояти Суғд назаррас мебошад. Хусусан дар сехи моҳичабарории ҶДММ «Корпоратисия Моҳии Тоҷик» соли гузашта 70 млн. дона кирминамоҳӣ истеҳсол гардида, соли ҷорӣ масъулин тасмим доранд ин нишондиҳандаро ба зиёда аз 80 млн. дона расонанд.

Ҳамзамон соли 2021 ҶДММ «Рахшона» 160 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, аз рӯи дурнамо то охири соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ ба зиёда аз 200 тонна расонида мешавад.

Зимни машғулият мутахассисон ва олимони соҳа оид ба дастгириҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд.

Инчунин мубодилаи таҷриба миёни роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарварӣ сурат гирифта, иштирокчиёни чорабинӣ бо ҷараёни истеҳсоли кирминамоҳӣ дар сехи инкубатсионии ҶДММ «Корпоратсия Моҳии Тоҷик» шинос шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 30, 2022 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад