Дар 4 моҳи соли равон 2786 нафар сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд

Май 28, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «ХОВАР»/. 27 май дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар он роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ, собиқадорони ҳизб, роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҲХДТ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар кори маҷлис масъалаҳо вобаста ба баргузор намудани  ҷаласаҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ, тасдиқи нақшаи корӣ барои фаъолияти нимсолаи дуюми соли 2022 ва даъвати конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Инчунин, вобаста ба масъалаҳои вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, мусоидати аъзои ҳизб дар ҳалли мушкилоти ҷомеа ибрози андеша карда шуд.

Дар маҷлис қарорҳои корхонаҳои муассисаҳо вобаста ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба расмият дароварда шуданд.

Зикр карда шуд, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 2786 нафар шаҳрвандон узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пазируфтанд, ки ин далели боло рафтани обру ва мавқеи ҳизб дар ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия ба ҳисоб меравад.

АКС: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

Май 28, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд