Дар Ашқобод бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод 29 май бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии муқими Туркманистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлоли миллӣ ва муайян кардани раванди рушди ҷомеа замина гузоштааст, сухан гуфт.
Сафир ба иштирокчиён оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар, инчунин рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақл кард. Зикр гардид, ки Тоҷикистон давоми 30 соли истиқлол дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ аксҳои бойгонии рафти Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти кишвар, асарҳо ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Роҳбари давлат ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Акс: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






