Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи иқтисодиёти рақамӣ ифтитоҳ гардид

Май 22, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон, магистрантон, докторантон ва донишҷӯёни соҳибистедод маросими кушодашавии расмии озмоишгоҳи «Иқтисодиёти рақамӣ» доир гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, озмоишгоҳи мазкур дар доираи роҳандозии лоиҳаҳои донишкада бо шарикони рушд ташкил карда шуда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъулини дахлдор ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат ва қабулу татбиқи «Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ» дастур супориш доданд. Дар ин раванд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳамммад Осимӣ бо азму талошҳои бевоситаи директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ дар ҷумҳурӣ якумин шуда, ихтисоси «Зеҳни сунъӣ» дар сатҳи бакалавриат ва магистратура ҷорӣ карда шуд. Озмоишгоҳи зерин барои гузаронидани фанҳое, ки ба раванди зеҳни сунъӣ заруранд, муносиб мебошад.

Бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишкада баробари ин озмоишгоҳ дар кафедра соли ҷорӣ се озмоишгоҳҳои дигар, аз ҷумла озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ, низомҳои иттилоотӣ ва барномарезӣ бо 45 адад компютерҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуданд.

Дар ҳамоиши мазкур менеҷери лоиҳа, доктори фалсафа Аҳлиддин Низомиддинов оид ба мақсад, фаъолият ва натиҷаҳои лоиҳа сухан гуфт.

Зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳа- ин татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар ҷараёни таълими ихтисосҳои кафедраҳои иқтисоди рақамӣ, иқтисодиёт, молия ва қарз мебошад ва барои рушди устувори иқтисодиёт дар Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар доираи лоиҳа бозсозии барномаҳои таълимии ҷорӣ бо татбиқи барномаҳои таълимии бисёрсоҳавӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои таълими фарогирӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, ҷалб намудани натиҷагирандагон ба ҷараёни таълим пешбинӣ шудааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 22, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд