ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ҶАҲОНӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукотро баргузор намуд

Май 19, 2022 12:01

ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе яке аз ҷаласаҳои ҷамъбастии кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Ҷаласаро Сарвазири Тоҷикистон, раиси кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода доир намуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи тадорукот Сироҷиддин Муҳриддин оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми сатҳи баланд сухан гуфт. Зикр гардид, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ котиботи чорабинӣ иборат аз 11 нафар таъсис ёфта, ба сарони давлату ҳукуматҳо, роҳбарияти СММ ва дигар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ даъватнома ирсол гардидааст. Зиёда аз 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аллакай сабти ном шуда, иштироки худро тасдиқ кардаанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар бораи омодагиҳо ба Намоишгоҳи байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Конфронси сатҳи баланд сухан гуфт.

Ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи ҷараёни марафони ҷаҳонӣ бо иштироки давандаи австралиягӣ, муассис ва директори генералии фонди «Thirst», ки 15 май дар Душанбе шурӯъ шуда, дар арафаи ифтитоҳи Конференсияи СММ оид ба об дар Ню-Йорк ба анҷом мерасад, иттилоъ дода шуд.

Намояндагони роҳбарияти дигар вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба фестивали об, ҷадвали экскурсияҳои иштирокчиёни хориҷии Конфронси дуюми сатҳи олӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар ҷойҳои қобили тамошои кишвари мо, инчунин оид ба таъминоти моддӣ ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳарчи зудтар дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои боқимонда оид ба омодагӣ ба конфронс дастурҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Ҳавасмандгардонии амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 19, 2022 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид