Дар Душанбе масоили коҳиши хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе масъалаҳои арзёбии пешакӣ ва таҳияи стратегияи муқовимат ба офатҳои табиӣ баррасӣ гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон оид ба баланд бардоштани устувории маҳаллӣ ва ғайра ширкат варзиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе Сулаймон Шамсизода иброз дошт, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кишвар дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Соли 2019 Тоҷикистон як санади нави стратегӣ таҳия ва қабул кард, ки дар он таҳким ва уҳдадориҳо ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар тӯли 10 соли оянда пешбинӣ шудаанд.
Коршинос оид ба устувории маҳаллӣ Олга Шашкина гуфт, ки тайи 20 соли охир аз офатҳои табиӣ 4,4 миллиард нафар зарар дида, хисорот 2 триллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва 1 миллиону 300 ҳазор нафар ҳалок шуданд.
«Хатар барои шаҳрҳо мунтазам меафзояд. Тибқи ҳисобҳо, беш аз 50% аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Шаҳришавӣ бо суръати бесобиқа афзоиш меёбад. Мутаассифона, дар вақти ба нақша гирифтани рушду ободонии шаҳрҳо ба оқибатҳои чунин ҳодисаҳои хавфнок, ба монанди зилзила, хавфи гидрометеорологӣ ва ғайра кам диққат дода мешавад», — афзуд Олга Шашкина.
Баланд бардоштани устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои шаҳрҳо муҳим аст. Барои он ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар баландбардории устуворӣ ва коҳиш додани хатарҳо дастгирӣ карда шаванд, UNDRR дар якҷоягӣ бо шарикони глобалӣ ва минтақавии худ ташаббуси «Баланд бардоштани устувории шаҳрҳо то соли 2030» (MCR2030) -ро ба роҳ монд.
MCR2030 — ин ташаббуси беназири бисёрсоҳавӣ барои баланд бардоштани устувории маҳаллӣ тавассути таблиғот, мубодилаи дониш ва таҷриба, ташкили шабакаҳои омӯзишии таҳкими мутақобила миёни шаҳрҳо, ҳамгироии таҷрибаи техникӣ, муттаҳид кардани сатҳҳои гуногуни ҳукумат ва роҳандозии муносиботи шарикӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






