Дар Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ доир шуд

Май 20, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо, муовинони раиси вилоят, роҳбарони бахши кишоварзии вилоят ва раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр  намуд, ки кишоварзони вилоят бобати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 феврали соли 2022 дар машварати корӣ бо фаъолони вилоят баён доштанд, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти саривақтии зироати кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, истифодаи самараноки обу замин, гузаронидани кишти пахта ва картошка, риояи агротехникаи парвариши зироат, баҳисобгирии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, таъмини саривақтии киштзорҳо бо оби полезӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва истифодаи пурсамари замин диққати махсус зоҳир менамоянд.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои мазкур нақшаи чорабиниҳои сохторҳои марбутаи соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иборат аз 60 банд қабул гардидааст. Фаъолияти олимону кишоварзони вилоят ба аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст.

Зимни ҷаласа муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода иброз намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ин давра ба 1 миллиарду 510,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 фоизро ташкил дод.

Бо мақсади замина гузоштан ба фаровонҳосилӣ ва таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар майдони 108697 гектар кишти тирамоҳии ғалладона барои дон гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1665 гектар зиёд буда, дурнамои кишти тирамоҳӣ 111,5 фоиз таъмин карда шуд.

Имсол якҷоя бо кишти тирамоҳӣ дар майдони 130 085 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла 114647 гектар гандум кишт карда шуда, дурнамои кишти ғалладонагӣ 104,3 фоиз, аз ҷумла гандум 105,9 фоиз таъмин гардид.

Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилоят, ба ҳолати 18 майи соли ҷорӣ дар майдони 121214 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки 9596 гектари онро кишти зери плёнка ташкил менамояд.

Амонулло Салимзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки кишоварзони вилоят дар ин давра дар майдони 19984 гектар сабзавот, аз ҷумла 9227 гектар кишти пиёз гузаронидаанд.

Мувофиқи хулосаи мутахассисон, имсол 504 688 тонна пиёз истеҳсол карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 33969 тонна зиёд мебошад. Кишти дигар намуди сабзавот бо маром идома дошта, ба ҳолати 18 майи соли 2022 дар 2132 гектар сабзӣ, 914 гектар карам, 3865 гектар помидор, 2173 гектар бодиринг ва дар 1674 гектар дигар намуди сабзавот кишт карда шуд. Дурнамои кишти онҳо аз 91 то 139 фоиз таъмин гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар майдони 11518 гектар кишти полезӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 694 гектар зиёд мебошад.

Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 6307 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 427 гектар зиёд мебошад. Кишти картошка дар ноҳияҳои кӯҳӣ идома дорад.

Ҷамъоварии мева оғоз гардида, ба ҳолати 13 майи соли 2022 истеҳсоли мевагиҳо ба 1151 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 402 тонна зиёд мебошад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар ҷаласа таъкид намуд, ки имконият ва иқтидори вилояти Хатлон дар мавриди истеҳсол ва содироти меваю сабзавот хеле зиёд мебошад ва бартарияти табиии кишвар имкон медиҳад, ки зарфият сол то сол зиёд карда шуда, талаботи бозори дохилӣ таъмин ва иқтидорҳои содиротӣ тақвият дода шаванд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо такя ба маълумоти раёсати минтақавии гумрукӣ  зикр кард, ки то 18 май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4271, 6 тонна кам аст.

Асосан 2677,3 тонна сабзавот, аз ҷумла 849,2 тонна пиёз, 933,5 тонна сабзӣ, 870 тонна лаблабу, 24 карам ва 1871,2 тонна мева, аз ҷумла 725,9 тонна олу, 986,9 зардолу, 16,8 тонна шафтолу, 141,6 лимӯ ва 737,3 тонна дигар маҳсулот содирот шудааст.

«Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки нақшаи солонаи содироти маҳсулоти кишоварзиро, ки 95 ҳазор тонна аст, бо андешидани тадбирҳои созанда амалӣ намоянд», — масъалагузорӣ кард раиси вилоят.

Ба масъулони идораҳои дахлдори соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин оид ба пешгирӣ аз ҳашароти зараррасон, таъмини шароит барои рушди парандапарварӣ ва афзоиши саршумори чорво, беҳдошти замин ва обёрии вилоят, истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замини киштбоб, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, назорати бехатарии сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳимояи ҷангалзор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Изҳори итминон шуд, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз захираву имконияти мавҷуда барои ба даст овардани дастовардҳои беҳтарини истеҳсолӣ тамоми қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат- таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо мегузоранд.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Май 20, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо беш аз 1 миллион доллар сармояи соҳибкорони узбек гармхонаи замонавӣ сохта мешавад
Устувории роҳҳои муҳими мошингарди Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
САНАДИ НАВ. Тоҷикистон нақша дорад, ки ҳамасола 100 000 ҷойҳои корӣ таъсис диҳад
Пагоҳ намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Резервати биосферии «Ромит» дидан менамоянд
Туркия тасмим гирифтааст, ки намояндагии бонкҳои тиҷоратиашро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намояд
Кишоварзони Кӯлоб заминҳои корамро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил мерўёнанд
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Шуғнон дидан намуд
Дар Душанбе тақвияти иқтидори соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ таҳким мебахшанд
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода бо ҳолати корҳои кишоварзии ноҳияи Шуғнон шинос шуд