Дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон бемориҳои сирояткунанда 3,4 фоиз кам гардидаанд
ДУШАНБЕ, 03.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ — феврали соли равон дар Тоҷикистон 3810 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ — феврали соли 2021 3,4 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 21,2 фоизи бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 21,1 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон 5540 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба се моҳи аввали соли 2021 19,0 фоиз кам аст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 10 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки «тибқи таҳлилҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2021 нишондиҳандаи бемориҳои сироятӣ (ғайр аз бемории коронавирус) нисбат ба соли соли 2019 хеле коҳиш ёфт. Сабаби асосии коҳиш ёфтани дигар бемориҳои сироятӣ- ин риоя кардани қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки шаҳрвандони мамлакат дар давраи пандемия ба риояи он даъват мегардиданд».
Ба гуфти Ҷамолиддин Абдуллозода, «соли 2021 назар ба соли 2019 теъдоди бемориҳои шадиди рӯдаю меъда хеле коҳиш ёфт, яъне назар ба соли 2020 5 ҳазор кам гардид. Бемории дигар- ин Вируси норасоии масунияти бадан аст, ки назар ба соли 2020 162 ҳодиса кам гардид. Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, пневмания, аз ҷумла гепатити А ва В назар ба соли 2020 хеле коҳиш ёфтаанд».
Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, дар зиндагии ҳаррӯзаи инсонҳо хоҳ- нохоҳ тариқи ҳаво, об, хӯрок, дастони чиркин ё риоя накардани гигиенаи шахсӣ метавонанд навъҳои дигари бемории сироятӣ ворид шаванд. Барои ба бемориҳои гуногуни сироятӣ мубтало нагардидан инсон бояд системаи иммунии худро мустаҳкам намояд.
Системаи иммунии инсон аллакай аз батни модар оғоз мегардад. Баъде, ки тифл тавлид мешавад, системаи иммунии он тариқи шири модар ва инчунин ҳангоми эм гузаронидан қавӣ мегардад. Эмкунӣ яке аз омилҳое мебошад, ки масунияти баданро баланд бардошта, шахсро аз ҳар гуна бемориҳо эмин медорад.
Ба зикри мутахассисон, яке аз омилҳои дигар — ин истеъмоли ғизои нодуруст мебошад. Ҳамчунин шароити бади экологӣ, бештар бо шиками гурусна гаштан, ҳолати парҳезӣ, кам будани микроэлементҳо дар организм, ба монанди витаминҳо, инчунин ҳолати баъд аз бемории дуру дароз ба паст шудани иммунитети инсон оварда мерасонанд. Барои пешгирии ин ҳолат ва баланд бардоштани системаи иммунии бадан ҳар шахсро мебояд, ки пеш аз ҳама, ғизои солим истеъмол намуда, сабзавоту меваҷотеро, ки таркибашон аз витаминҳо бой аст, истифода баранд. Системаи иммунии инсон ба нигаҳдории саломатӣ ҷавобгӯй буда, 95 фисади саломатии инсонро нигоҳ медорад. Системаи иммунии инсон организмро муҳофизат намуда, аз ҳар гуна омилҳое, ки аз берун ба дохили организм ворид мешаванд, ба монанди микробактерияҳо, ҳар гуна микробҳо ва вирусҳо нигоҳ дошта, аз беморшавии организм ё заҳролудшавии он эмин медорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






