Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили пилла ҷараён дорад
КӮЛОБ, 18.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагидорони Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар айни замон ба ҷамъоварии ҳосили кирмак машғул мебошанд, иттилоъ дод мудири бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Далер Шарифов.
Кирмакпарварӣ ба мисли дигар соҳаҳои кишоварзӣ дар мамлакат мавқеи асосиро доро мебошад. Асоси пилларо нахи он ташкил медиҳад. Он нахи абрешим, ки аз пилла гирифта мешавад, аз дигар нахҳои табиӣ фарқи калон дорад. Фарқияти он дар мустаҳкамӣ, хусусияти ёзишхӯрӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани он зоҳир мегардад. Инчунин аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад.
Тавре намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб Давлат Шеров иброз дошт, «мувофиқи дурнамо, 63 қуттӣ тухми кирмак ба 4 ҷамоат тақсим гардида буд, ки тибқи нақшабандӣ, бояд 2 тоннаву 500 кг пилла ҷамъоварӣ карда шавад. Ҳоло хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосили он машғул мебошанд».
Мавриди зикр аст, ки дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.
Сокини Ҷамоати деҳоти Зиракӣ Бибитош Муродова беш аз 30 сол боз ба парвариши кирмак машғул буда, аз ин ҳисоб ҳамасола зиёда аз 100 килограмм пилла ба даст оварда, даромади хуби иқтисодӣ мегирад.
Ба гуфти кирмакпарварони ҷамоати мазкур, парвариши кирмак нигоҳубини пайваста ва дар вақти муайян бо ғизо таъмин намуданро талаб менамояд.
Сокини деҳаи Зарқалъаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ Идимо Бобулова беш аз 25 сол боз ба парвариши кирмак машғул буда, хамасола дар мавсим дар парваришу истеҳсол ва иҷрои нақшаи дурнамои ҷамоат саҳм мегузорад.
Соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла рукни муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешаванд. Зеро маҳз иқлими мусоиди Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки сокинон ба ин соҳа шуғл варзида, маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро пешкаши бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ гардонанд.
Парвариши кирмаки пилла аллакай дар хоҷагиҳо ба охир расида, хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосили пилла оғоз намуданд.
Бо парваришу нигоҳубини дурусти кирмак дар хоҷагиҳои мамлакат сафи корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида, дар таъмини бозор бо маҳсулоти абрешимӣ ва дастрасӣ ба ашёи хоми аълосифат саҳми назаррас мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






