Давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оғоз гардид

Май 16, 2022 16:05

ДУШАНБЕ, 16.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи бозомӯзӣ оғоз гардид, ки то 20 май идома меёбад.

Дар ҷараёни давраи бозомӯзӣ қироати маърӯзаҳои илмӣ ва оммавӣ, табодули таҷрибаи пешқадам, баррасии бурду бохти фаъолияти кумитаҳои иҷроия дар самтҳои афзалиятнок, доир гардидани мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои гуногуни мавзӯӣ пешбинӣ шудаанд.

Инчунин боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва баргузории силсиламулоқотҳо низ дар назар дошта шудааст.

Иштирокчиёни бозомӯзӣ аз ёдгориҳои таърихӣ, хона-музейҳои арбобони барҷастаи илму адаб, шаҳраки бостонии «Саразм», қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, хонаи маъюбону пиронсолон ва ташкилоти намунавии ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда, бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот мекунанд.

Зимни сафар ба шаҳри Панҷакент иштирокчиёни давраи бозомӯзӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар маркази ноҳияи Айнӣ аз майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.


Дар шаҳри Панҷакент шунавандагони давраи бозомӯзӣ нахуст аз оромгоҳи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи «Панҷрӯд»-и Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ» дидан карданд. Зимни боздид масъулин иттилоъ доданд, ки бо тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оромгоҳи устод мувофиқи тарҳи меъмории биноҳои асри даҳи милодӣ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ мувофиқ гардонида шуд.


Ҳамчунин дар арафаи рӯзи мавлуди шоири тавонои тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ иштирокчиёни давраи бозомӯзӣ хона-музей ва пайкараи шоирро дар деҳаи Мазори шариф зиёрат намуданд.

Лоиқ Шералӣ яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналхалқии “Нилуфар” аст.


Иштирокчиёни давраи бозомӯзӣ пас аз боздид аз хона-музейи шоир маҳфили гарми ширу шакар ташкил намуда, ба хондани ашъоре аз эҷодиёти устод пардохтанд.

«Лоиқ Шералӣ шоири тавонои миллати тоҷик аст, — гуфт муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ. – Шеъри ӯ дар ҳар хонадон дӯстдоштанӣ буда, ҷаҳони маъниро ифода мекунад».


Дар идомаи баргузории давраи бозомӯзӣ ҳизбиён аз шаҳраки бостонии Саразм дидан намуданд.

Саразм яке аз ёдгориҳои куҳани миллати тоҷик ба шумор рафта, таърихи беш аз 5500-сола дорад. Маънии ин ҷойноми таърихӣ “сари замин” ё “сарзамин”-ро ифода менамояд, ки далели қотеи таърихи пурифтихору деринаи халқи тоҷик аст. Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардида буд.


Тайи солҳои 2003-2008 бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон панҷ ҳафриёти он болопӯш ва атрофи ёдгорӣ бо панҷара иҳота шуд.

Шаҳри бостонии Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардид.


Зимни боздид аз тарафи номзади илми таърих, ходими калони илмии муассиса Абдурауф Раззоқ иттилоъ дода шуд, ки Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум — сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дарбар мегирад.


Таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди ниҳоят муҳими таърихӣ – ташаккулёбии истеҳсолот, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳамин давра оғоз мегардад. Дар натиҷаи таҳқиқоту ташхиси илмии дастрас ба хулосае расиданд, ки ибтидои таърихи Саразм 5500 сол эътироф карда шавад. Ин нуктаҳо дар суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат аснои таҷлили 5500-солагии ин шаҳри қадимӣ 12 сентябри соли 2020 низ садо доданд.

Давраи бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент то 20 май идома меёбад.

Акрамхоҷа АКБАР,
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Май 16, 2022 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои донишҷӯёни варзишгар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди озмоишии модулҳои таълимии лоиҳаи Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ гузаронида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ барномаҳои стипендиявии Лаҳистон муаррифӣ гардиданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳоии CirculEC ва OFINU баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо ҳамоиши илмӣ доир гардид
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии илмҳои компютерӣ ва рушдёбандаи Покистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид