Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Иззатулло Саидзода: «Роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ одамони гумроҳро ба вартаи ҳалокат мебаранд»
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бисёр мавридҳо роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ калимаи «мардум»-ро ҳамчун пӯшиши амалҳои худ истифода мебаранд. Онҳо худро ҳамчун ҳомиёни мардум муаррифӣ карда, бо ҳамин роҳ мардуми гумроҳро ба вартаи ҳалокат мебаранд. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Хушнуд РАҲМАТУЛЛО директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло САИДЗОДА.
Ба андешаи ӯ, дар шаҳри Хоруғ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бо истифода аз вазъи иҷтимоиву сиёсии бавуҷудомада ҷавонони ноогоҳро ба доми худ мекашанд ва онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои ҷиноӣ ҳамчун василаи содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ истифода мебаранд.
«Нисбат ба аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар Хоруғ дар чанд соли охир борҳо афв татбиқ гардид. Дар ин муддат аз аъзои ин гурӯҳҳо ҳазорҳо адад силоҳи оташфишон ва садҳо кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин, афюн, ҳашиш ва ҳабҳои экстазӣ мусодира карда шуд», — таъкид намуд Иззатулло Саидзода.
Дар идомаи суҳбат ӯ тазаккур дод, ки гурӯҳҳои манфиатдор ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, ки ҳар сокини вилоят онҳоро бояд донад ва нагузорад, ки номи дигарон доғдор гардад.
Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, бино ба гуфтаи директори Маркази миллии қонунгузорӣ, на танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамкорӣ ва мусоидати ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар бар мегирад.
Неруи пешбарандаи ҷомеа зиёиён, омӯзгорон ва кормандони эҷодӣ буда, имрӯз бояд фаъолияти дастҷамъонаи ин қишри ҷомеа пурзӯр карда шавад.
Изатулло Саидзода илова кард, ки аксарияти кулли ҷавонони шаҳри Хоруғ нафарони арзанда буда, дар тамоми соҳаҳо вазифаи ватандӯстонаи худро сарбаландона ва бошарафона иҷро менамоянд ва дар раванди бунёдкорию ободонии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
«Сухан дар бораи чанд гурӯҳи хурд ва баъзе ҷавонони гумроҳ меравад, ки аз кирдори худ пушаймон мешаванд ва аз ин вазъияти душвор мебароянд», — изҳори итминон намуд ӯ дар хатми суҳбат.
АКС: АМИТ «Ховар»








33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






