Доир ба арзёбии Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам намудани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар Кодекси андози амалкунанда шумораи назорати андозӣ кам карда шуда, тартиби гузаронидани назорати камералӣ дар шакли худкор, яъне автоматӣ бо истифода аз барномаҳои электронӣ ва гузаронидани санҷишҳо танҳо дар асоси хавф пешбинӣ гардидааст. Ин нукта имрӯз зимни баргузории суҳбати «мизи гирд» дар мавзӯи «Арзёбии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва таъсири он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ» баён гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН гузориш медиҳад, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати кишвар доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ аз 8 марти соли равон амалӣ карда шуд. Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайриҳукуматии марбут ба соҳа, инчунин олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) Хайриддин Усмонзода қабули санади меъёриву ҳуқуқии мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки он барои баланд бардоштани шохиси мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эътирофи озодиҳои иқтисодӣ, пешбурди фаъолияти иқтисодии тамоми он табақаҳои аҳолӣ, ки ба фаъолияти ҳам соҳибкорӣ ва ҳам хизматрасонӣ машғул ҳастанд, хизмат мекунад. «Имрӯз агар таваҷҷуҳ карда бошед, дар шохисҳои байналмилалӣ кишвари мо мақомҳои болотар ба даст оварда истодааст, ки ин самараи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аст. Санади меъёриву ҳуқуқии мазкур тамоми ҷанбаҳои фаъолияти аъзои ҷомеа- ҳам ҷанбаи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва ҳам ҷанбаи ҳаёти фардии ҳар нафарро дар бар гирифта, ба танзим медарорад. Ин санад дар муддати кӯтоҳ таҳия нашудааст, балки меҳнати чандинсолаи ниҳодҳо дар ҳамкорӣ бо мақоми намояндагӣ, қонунгузории ҶТ ва ҳукумати кишвар аст. Танҳо дар доираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб тӯли 1 сол муҳокимаи ин санади меъёриву ҳуқуқӣ такмил ёфт ва баррасии он дар сатҳҳои гуногун ҷараён гирифт»,-изҳор дошт Х.Усмонзода.
Ба гуфтаи директори Марказ, дар санади мазкур баъзе меъёрҳои андозбандӣ ба он нигаронида шудаанд, ки дар фаъолияти соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ фазои иқтисодии Тоҷикистон беҳтар карда шавад.


Бояд гуфт, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз 23 декабри соли 2021 қабул гардида, аз январи соли 2022 мавриди амал қарор дорад. Кодекси мазкур бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ бо дарназардошти таклифу пешниҳоди зиёди вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, инчунин дар ҳамкории мустақим бо ташкилоти молиявӣ омода карда шуда, шаффофияти раванди таҳияи он мутобиқ ба қонунгузории кишвар ва тавсияҳои созмонҳои молиявӣ таъмин карда шудааст.
Тавре муовини сардори Раёсати ислоҳоти андозии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Асадуллозода баён дошт, Кодекси андози амалкунанда аз ду қисм, 15 фасл, 57 боб, 399 модда иборат буда, дар муқоиса ба Кодекси андози қаблӣ шумораи қисмҳо бетағйир, фаслҳо 3 адад кам, ҳамзамон шумораи бобҳо 7 адад ва моддаҳо 70 адад зиёд карда шудааст. «Албатта, зиёдшавии муқаррароти меъёрӣ ба сода ва оммафаҳм намудани муҳтавои санади мазкур, инчунин мукаммал намудани маъмурикунонии андоз равона гардида, фарогири мушаххасот вобаста ба принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андозӣ, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёт ва наргузории трансфертӣ мебошад»,-гуфт А.Асадуллозода.
Зикр гардид, ки дар Кодекси мазкур бо мақсади баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандии Агентиҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳид намудани андозҳои бо ҳам алоқаманд аз 10 ба 7 намуд кам карда шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи А.Асадуллозода, бо мақсади содагардонии расмиёти маъмурикунонии андоз дар санади мазкур усулҳои муосири пешбиникунандаи таҳкими иқтисоди рақамӣ, заминаи ҳуқуқии батанзимдарории хизматрасонии муосири электронӣ бо шумули ҳуҷра ва ҳамёни электронӣ, чеки электронии фискалӣ, ҳисобномафактураи электронӣ, мубодилаи электронии иттилоот, асъори функсионалӣ, хизматрасонии фосилавӣ тавассути майдони электронии тиҷорат, низоми рамзгузории молҳо ва ё рамзи QR пешбинӣ карда шудааст.
«Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва кам намудани дахолат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар Кодекси андози амалкунанда шумораи назорати андозӣ кам карда шуда, тартиби гузаронидани назорати камералӣ дар шакли худкор, яъне автоматӣ бо истифода аз барномаҳои электронӣ ва гузаронидани санҷишҳо танҳо дар асоси хавф пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон нисбат ба андозсупорандагони масъулиятнок санҷишҳои андозӣ маҳдуд карда шуда, ҷиҳати пешгрии ҳуқуқвайронкунии андозӣ дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар санади мазкур мониторинги андоз пешбинӣ карда шудааст, ки дар асоси созишнома байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон татбиқ карда шуда, ҳангоми дар давраи мониторинги андоз ошкор гардидани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ пешниҳод оид ба ислоҳи камбудиҳо бе татбиқи чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амалӣ карда мешаванд», — афзуд ӯ.
Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки дар санади мазкур низомҳои махсуси андозбандӣ ва низомҳои имтиёзнок муттаҳид карда шуда, шумораи умумии онҳо, ки маҷмуан 10 намудро ташкил медод, ба 8 намуд расонида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Эрон баррасӣ карда шуд
Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти алоқаи кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд
Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид
Мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҷаласа оид ба хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ дар Бишкек иштирок намуданд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд






