Доир ба масъалаи таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 18, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: пайомадҳои сиёсию идеологӣ» Конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз  намуд, ки “воситаҳои ахбори оммаи кишвар, аз ҷумла, яке аз ҷузъҳои таркибии муҳими имрӯзаи он- шабакаҳои иҷтимоӣ аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ маҳсуб шуда, дар инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот метавонанд нақши боризи худро гузоранд”.

Ба гуфтаи Х.Усмонзода, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муносибатҳои мутақобилан судманди давлат ва ВАО муназзам ба роҳ монда шуда, пайваста такмил ёфта, иртиботи гуногунҷанбаи судманд ба роҳ мемонанд.

То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ бештар аз даҳ қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудаанд, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеаю рушди ин соҳа ва таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот иборат мебошад. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд. Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаву ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро танзим мекунанд.

Дар ҳамоиш Хайриддин Усмонзода изҳор дошт, ки на ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа имконияту қудрати ба таври системавӣ ба танзим даровардану идора кардани муносибатҳои иттилоотиро доранд. «Танзими фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои сиёсию маънавӣ ва таъсири онҳо ба амнияту суботи кишвар яке аз масъалаҳои мубрам боқӣ мемонад. Ҳамагон имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки муборизаҳои иттилоотӣ ба омили асосии барҳам задани оромиву субот дар баъзе кишварҳо мубаддал шудаанд. Рақобати аксари кишварҳоро пайваста дар баробари амалҳои дигар, инчунин муборизаҳои шадиди иттилоотӣ ҳамроҳӣ мекунанд ва ҳар ҷониб барои маҳкум намудани якдигар ва ба вуҷуд овардани ҳисси нафрати сокинон нисбат ба дастгоҳи марказӣ аз хизмати шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд»,-иброз намуд директори МТС.

Пешниҳод карда шуд, ки барои фаъолияти пурсамари ВАО иҷрои корҳои зерин, аз ҷумла, таъмин кардани шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ ва гуногунҷанба ба василаи воситаҳои ахбори омма ва ширкати фаъолонаи он дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ; бо дарназардошти шиддат ёфтани ҷанги иттилоотӣ дар замони муосир ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидор истифода шудани иттилоот аз ҷониби кишварҳои абарқудрат, ки метавонанд ҳама гуна сарҳадотро убур кунанд, таҷҳизонидани ниҳодҳои марбута бо технологияҳои муосири иттилоотӣ; роҳандозӣ намудани паҳн ва интишори иттилоот тавассути технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ (коммуникатсионӣ); зиёд намудани маблағгузории давлатӣ дар самти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан шабакаи ҷаҳонии интернет; ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор дар марказҳои иттилоотӣ, идораи нашрияҳо, аз ҷумла матбуот, радио ва телевизион зарур ҳисобида мешавад.

АКС: хадамоти матбуоти МТС

Май 18, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид