ДОНИШ-ЧАРОҒИ РАВШАН. Имкони таҳсил дар хориҷи кишвар барои хатмкунандагони вилояти Хатлон бештар гардид

Май 14, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рафта, бо хатмкунандагон оид имконияти нави таҳсил дар макотиби олии хориҷи кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чунин вохӯриҳо дар муассисаи таълимии рақами 4, гимназияи давлатӣ ва якчанд муассисаҳои дигари ноҳияи Данғара  ва муассисаҳои шаҳри Бохтар баргузор карда шуданд.

Дар ин раванд дар хусуси имконоти мавҷуда барои дохилшавӣ ба  Донишгоҳи давлатии Перми Федератсияи Русия иттилоъ дода шуд.

Маълумоти пешниҳодгардидаро хатмкунандагон ба хубӣ пазируфта, хушнудӣ аз он доштанд, ки имсол нисбат ба солҳои қаблӣ бурсияҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии хориҷи кишвар нисбатан зиёд мебошанд. Хусусан имсол барои хонандагон аз вилояти Хатлон имконияту шароити бештар фароҳам гардидааст. Зеро тибқи таҳлилҳо нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар солҳои пешин дохилшавии хонандагони ин вилоят ба донишгоҳҳои хориҷи мамлакат камтар буд.

Аз ин лиҳоз, имсол корҳои тарғиботӣ — фаҳмондадиҳӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тарафи гурӯҳҳои кории Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ зиёдтар ба нақша гирифта шудааст.

Бурдани чунин корҳои иттилоотӣ дар дигар шаҳру навоҳӣ идома дорад.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид