Федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Қазоқистон нақшаи амали ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ миёни Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба шаҳри Нур-Султон бо Раиси иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалди Даулеталин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ФИКМТ иттилоъ доданд, ҷонибҳо иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳо, ки миёни ҳарду федератсия соли 2015 ба имзо расида буд, қаноатбахш ҳисобида, барои рушду тавсеаи он таҳия ва ба имзо расонидани нақшаи амали ҳамкории дуҷонибаро саривақтӣ ҳисобиданд.
Сатиболди Даулеталин ҳамтои тоҷикистонии худро бо имкону шароит ва самтҳои фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон ва кумитаҳои ҳамузви он аз наздик шинос намуд. Баргузории табодули таҷриба ва машварату курсҳои омӯзишии муштарак барои боло бурдани касбияти мутахассисони соҳа аз ҳарду ҷониб мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Акс: ФИКМТ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






