«ГУЛИ ҚОҚУ» ДАР «ЧОРСӮ». Театри лӯхтаки Тоҷикистон дар Фестивали дуюми байналмилалии театрҳо дар Русия ширкат мекунад

Май 31, 2022 09:05

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали дуюми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чорсӯ» (Перекрёсток), ки дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 1 то 5 июн баргузор мегардад, бо намоиши «Гули қоқу» («Одуванчик») ширкат меварзад. Дар ин бора роҳбари бадеии Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе Наргис Розиқзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Муаллифи намоиши «Гули қоқу» Маҳинбону Гасанова ва  коргардони таҳиягар Мунира Зоирова мебошанд ва он  бо забони русӣ омода гардидааст.

«Ҳунарпешагони театри мо дар радифи дувоздаҳ кишвари ҷаҳон  санъати бостонии лӯхтакбозии мардуми тоҷикро дар ин фестивали байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд», — гуфт Наргис Розиқзода.

Дар фестивали мазкур ҳунарпешагони театрҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла актёрони театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Перм, Барнаул, Ҷумҳурии Халқии Донетск, шаҳри Витебски Ҷумҳурии Беларус ва шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиши худро манзури тамошобинони сершумор менамоянд.

 АКС: Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе

Май 31, 2022 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд