Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб машқҳои тактикӣ доир намуд
КӮЛОБ, 28.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар ташкилоту корхона, бозору марказҳои савдо, иншооти маъмурӣ ва манзилҳои зисти сокинон Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишҳои нақшавӣ ва машқҳои тактикӣ мегузаронад. Чунин машқи тактикӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бозори дунё”-и ноҳияи Фархор гузаронида шуд, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Бо сар задани сӯхтори шартӣ нахуст дастаи ихтиёрии оташнишонии бозор ба хомӯш намудани он шурӯъ кард. Сӯхторнишонон низ бо қабули занги телефонӣ фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Дар муддати кӯтоҳ алангаи оташ хомӯш карда шуда, амволи соҳибкорон наҷот дода шуд. Дастаи наҷотдиҳандагон чанд нафар аз осебдидагонро аз бозор берун бароварда, ба назди табибон бурданд ва ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд.
Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб бо соҳибкорон ва маъмурияти бозор суҳбат ороста, оид ба пешгирӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Тавре корманди ХДО ВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадалӣ Мирзода иттилоъ дод, гузаронидани чунин машқҳои тактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва кормандони ташкилоту корхонаҳо натиҷаҳои хуб медиҳад.
Дар ноҳияи Восеъ низ аз ҷониби кормандони ХДО ВКД ҶТ машқи тактикӣ гузаронида шуд. Ин навбат машқи мазкур дар беморхонаи марказии ноҳия сурат гирифт. Кормандони хадамот дар муддати хеле кӯтоҳ оташи шартиро хомӯш карда, осебдидагонро аз бино берун бароварда, ба онҳо кумаки тиббӣ расониданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд
Ҷавонони шаҳри Кӯлоб нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро иҷро намуданд
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Даъватшавандагони ноҳияи Данғара ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд
ҲИФЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар ноҳияи Вахш нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шуд
Имрӯз дар вилояти Хатлон даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид






