Имконияти сармоягузории Тоҷикистон ба ҳайати соҳибкорони шаҳри Санкт – Петербурги Русия муаррифӣ гардид

Май 26, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода бо ҳайати соҳибкорону сармоягузорони шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумитаи муносибатҳои берунаи Ҳукумати шаҳри Санкт – Петербург Арби Абубакров дар Душанбе тавсеаи ҳамкории дуҷониба миёни ду давлат баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.

Ба намояндагони Кумитаи муносибатҳои берунаи Ҳукумати шаҳри Санкт – Петербург имконияти сармоягузории мамлакат, қонунгузорӣ, имтиёзҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ, густариши тиҷорату гуногунсозии ғуфра ва мизонҳои нави ҳамкорӣ, инчунин дарёфти ҳамтоён ва коршарикон аз доираҳои бахши хусусӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба тавсеаи равобити дуҷониба бар асоси манфиатҳои мутақобан муфид, баробар ва истифодаи самарабахш аз зарфияти иқтисодии ҳарду кишвар бо мақсади густариши равобити сармоягузорию соҳибкорӣ, иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Дар маҷмӯъ, мусоҳибон дар вохӯрӣ барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ табодули назар намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад