«ҲИМОЯИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Муъминобод ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор шуд

Май 8, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таҳти унвони «Ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутеъуллоҳ Наҷотзода ва Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода доир гардид.

Дар ҳамоиш нигоҳ, тадбир ва пиндори иштирокдоронро, ки бахши умдаашонро насли ҷавон ва зодагони даврони истиқлол ташкил медоданд, ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят намуданд.

«Имрӯзҳо дар тамоми манотиқи олам илму технология рушд ёфта, дар ин раванд падидаҳои нав ба нав ба вуҷуд омадаанд. Раванди асосие, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст, ин ҷаҳонишавии босуръат мебошад. Ҷаҳонишавии олами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар натиҷаи баҳамойии доираҳои гуногуни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дар ин замина муттамарказ гардидани тамаддунҳо ба миён меояд, яке аз пурҳассостарин марҳилаи таърихӣ дар бақои кишварҳои ҷаҳони муосир аст, ки ба забону фарҳангу таъриху илми дунявӣ таъсири мусбат ва манфии худро мегузорад ва ин раванд ҳоло ҷаҳони моро ба деҳкадаи хурде табдил додааст. Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири манфии ин раванди пурҳассоси дунёи муосир дар канор нест ва ҳамарӯза таҳдидҳову чолишҳо ва буҳронҳои ахлоқиву инсониро бар ҷони худ эҳсос менамояд ва мо ҳамчун фарзандони миллати фарзона набояд дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол бетараф бошем», — таъкид гардид аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.

Ҳамзамон Рудобаи Мукаррам тазаккур дод, ки маҳз ҳимояи арзишҳои милливу инсонӣ ва фарҳангиву таърихии миллати тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ бар дӯши аҳли илму маърифат, зиёиён, омӯзгорон, фаъолони матбуот ва сиёсатмадорону фарҳангшиносон вогузор шудааст. Танҳо қудрати хирад метавонад дар раванди муборизаҳои даврони ҷаҳонишавӣ бар муқобили зулму истибдоди ахлоқиву фарҳангӣ ва пешгирӣ аз буҳрони ҳувият пирӯз гардад.


Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода иброз намуд, ки дар шароити инкишофи босуръати ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз равандҳои пуртӯфони ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Огоҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи фарҳангу адаби миллӣ метавонад ливо ва раҳнамои мо дар замони ҷаҳонигароӣ ба сўи пирӯзиҳо бошад.

«Аз ин рӯ, дар ин замина тарбия ва таълими насли ҷавони кишвар, ки дорои донишҳои замонавӣ ва лаёқату малакаи касбӣ бошад, дар назди масъулин ва зиёиён вазифаҳои нав пеш меорад», — гуфт ӯ.

Мавсуф афзуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу забон ва тамаддуни пурғановати тоҷик таъсир гузошта истодааст. Маҳз бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии тоҷикон ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз пайдо намудааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад.

«Албатата, пӯшида нест, ки раванди ҷаҳонишавӣ падидаҳои мусбат ва фоидаоваре барои ҷомеаи ҷахонӣ дорад, ки Тоҷикистони мо ҳам аз онҳо баҳра хоҳад бурд. Вале дар айни ҳол падидаҳои барои ҳувияти миллӣ зиёноваре низ дар раванди ҷаҳонишавӣ мушоҳида мегарданд. Бинбар ин, истифода аз имконоти ҷаҳонишавӣ ва дар айни ҳол ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ яке аз самтҳоест, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон онро пайгирӣ мекунанд», — иброз дошт Лутфия Абдухолиқзода.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутеъуллоҳ Наҷотзода баён дошт, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ асосан кишварҳое муваффақ мешаванд, ки дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун истеҳсолкунанда иштирок мекунанд ва ҷилави ин раванд низ ба дасти кишварҳое меафтад, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Агар дар таърих раванди ҷаҳонишавӣ тавассути лашкаркашӣ ва ё маҷбурӣ сурат мегирифт, дар асри 21 ин раванд ба ягон қувва ниёз надорад, зеро дар шароити имрӯза падидаҳои ҷаҳонишавӣ дар асоси инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсисонӣ ҷорӣ карда мешавад.

«Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Имрӯз забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пешбурди умури давлатдорӣ ва тавсеаву таҳкими муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар муоширати байни шаҳрвандони кишвар ба таври озод истифода мешавад», — зикр кард ӯ.

Дар ҳамоиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба китобхонаи ноҳияи Муъминобод ҷилди китобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Май 8, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд