КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА-ҲУНАРИ ҚАДИМИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Ва ё замоне Тоҷикистон 80 дарсади пиллаи Иттиҳоди Шӯравиро истеҳсол мекард

Май 7, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад. Дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 21 декабри соли 2021 ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону бонувон вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро муваззаф намуд, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷударо таъмин намоянд. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».

Соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба шумор меравад. Кирмакпарварӣ хусусияти мавсимӣ дошта, тибқи анъанаи мардуми тоҷик қариб тамоми аъзои оила ба он машғул мешаванд.

Аҳамияти пилла

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Сайдалӣ Раҳматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «кирмакпарварӣ ба мисли дигар соҳаҳои кишварзӣ дар мамлакат мавқеи асосиро доро мебошад. Асоси пилларо нахи он ташкил медиҳад. Он нахи абрешим, ки аз пилла гирифта мешавад, аз дигар нахҳои табиӣ фарқияти калон дорад. Фарқияти он дар мустаҳкам будани нах, хусусияти ёзишхӯрии он, намнокиро ба худ нагирифтану гармиро ба худ гирифтан ва қувваи барқро нагузаронидани он зоҳир мегардад. Инчунин аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад».

Бояд тазаккур дод, ки замоне Тоҷикистон 80 дарсади пиллаи Иттиҳоди Шӯравиро истеҳсол мекард. Нахи абрешим барои бофтани газвори хушсифат, аз ҷумла, атласу адрас, истеҳсоли ресмон, шаст, тӯр, коғаз, ҳамчунин барои саноати ҳарбӣ, тиб, дорусозӣ, молҳои ороишӣ, косметология ва ғайра маҳсулоти муҳим буда, дар бозори ҷаҳонӣ ҳамеша харидори зиёд дорад. Аз ин ҷиҳат, пиллапарварӣ соҳаи сердаромаду афзалиятноки стратегии мамлакат маҳсуб мешавад.

Рушди соҳа аз таъмини хӯроки кирмак вобаста аст

Рушди минбаъдаи соҳаи кирмакпарварӣ ба мустаҳкам кардани заминаи хӯроки кирмак вобаста аст. Коршиносон сабаби камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба соҳаи кирмакпарвариро ба ду омил вобаста медонанд: камчин шудани мутахассисон ва кам шудани майдонҳои тутзор. Омили кам шудани тутзорҳо- ин истифодаи ғайримақсадноки тутзор ва дарахтони тут ба шумор меравад, ки имрӯзҳо дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор доранд. Имрӯзҳо бо дастури Ҳукумати мамлакат барои васеъ намудани майдони тутзор аҳамияти махсус равона гардидааст. Тибқи маълумоти дастрас, ҳоло дар майдони 1987,4 гектар тутзор мавҷуд буда, шумораи дарахтони тут 14,7 млн ниҳолро дар бар мегирад.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз соли 2004 ихтисоси кирмакпарварӣ амал мекунад, ки ба омода намудани мутахассисон равона гардидааст. Инчунин дар инҷо корҳои селексионӣ ба роҳ монда мешаванд.

Сайдалӣ Раҳматов иброз намуд, ки «ҳар сол тақрибан то 20 нафар мутахассисони ин соҳа донишгоҳи моро хатм менамоянд. Аммо бинобар кам будани маош онҳо дар ин соҳа фаъолият намекунанд».

Истеҳсоли пилла заҳмати гарон, таваҷҷуҳи доимӣ, хароҷот ва қувваи кории зиёд тақозо менамояд. Кирмакро, ки дарозиаш аз 3 мм зиёд нест, дар хоҷагиҳои пиллакор дар инкубаторҳо – дар ҳарорат ва намнокии махсус давоми 8 – 10 рӯз аз тухм мебароранд. Кирмак басо нозук буда, аз рӯзи нахустини пайдоиш ҳарорати вижаи парваришро талаб менамояд.

«Кирмарпарварӣ яке аз соҳаҳои бепартов дониста мешавад, зеро барги туте, ки ба кирмак медиҳем, шохаҳои он дар хонадон минбаъд чун сӯзишворӣ истифода мешаванд. Инчунин он чизе, ки кирм истеъмол намудаву коркард карда, аз худ хориҷ мекунад, дар таркиби худ зиёда аз 9 фоиз нитроген дорад ва он дар соҳаи растанипарварӣ ҳамчун нурии минералӣ истифода мешавад. Вақте ки пилла коркард карда мешавад, баъди истифодаи пилла зочаи он боқӣ мемонад, ки он чун хӯроки серғизо дар соҳаи чӯҷапарварӣ ва моҳипарварӣ истифода мешавад»,- зикр намуд Сайдалӣ Раҳматов.

Кирмакпарварӣ ва корхонаҳои коркарди пилла дар кадом ҳолат қарор доранд?

Ҷиҳати рушду таваҷҷуҳи бештар равона намудан ба ин соҳа масъулияти онро ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор кардаанд. Доир ба вазъи имрӯзаи корхонаҳои коркарди маҳсулоти пилла ва кирмакпарварӣ бо муовини сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат Абдурауф Пулотов ҳамсуҳбат шудем.

«Коркарди пилла соҳаи афзалиятноки саноати мамлакат ба ҳисоб рафта, афзалиятнокии он ба дастрас будани ашёи хоми дохилӣ ва ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 3 корхона- ҶДММ «ВТ- Силк»-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Дук»-и ноҳияи Шаҳритус ва ҶСК «Пиллаи Тоҷик»-и шаҳри Душанбе мавҷуд мебошанд, ки иқтидори солонаи коркарди пилла дар як сол 570 тоннаро ташкил медиҳад. Шумораи кормандони доимӣ ва мавсимӣ 45 ҳазор нафар мебошад»,- гуфт Абдурауф Пулотов.

Асоси пилларо нахи он ташкил медиҳад. Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нав, дар мамлакат танҳо 1 корхонаи матоъбофӣ фаъолият мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли пиллаи он соли 2021 454,4 тоннаро ташкил дод. Содироти пилла ва пасмондаи он соли 2021 270 тонна, яъне 1,5 млн доллари ИМА-ро дар бар гирифт.

«Соли 2022 талаботи тухми кирмак 23,8 ҳазор қуттиро ташкил дод, ки ҳосилнокии 1 қуттӣ тухми кирмак 25 кг мебошад. Нақшаи истеҳсоли пилла соли равон 780 тонна муайян гардидааст», гуфт мавсуф.

Дар мамлакат барои рушди соҳаи мазкур якчанд барнома, санаду меъёрҳо қабул гардидаву мавриди амал қарор доранд. Соли равон яке аз инҳо Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 мебошад, ки тибқи ин барнома, соли 2021 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 21 ҳазор қуттӣ тухми кирмак ворид гардида, ба кирмакпарварон тақсим карда шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар мавсими соли гузашта 454,4 тонна пилла истеҳсол гардид, ки назар ба соли сипаришуда 60,5 тонна зиёд мебошад. Дар маҷмўъ, дар истеҳсоли ин миқдор пилла дар ҷумҳурӣ ҳиссаи пиллапарварони вилояти Хатлон 48,1 фоиз, вилояти Суғд 40,0 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби ҶДММ «Атласи Хуҷанд» истеҳсоли матои атлас ба 19,4 ҳазор метри мураббаъ расонида шуда, ҶДММ «Дук» 1241 метр матои абрешими наддофӣ истеҳсол намудааст, ки мутаносибан суръати афзоиш 101,4 фоиз ва 8,9 баробар таъмин карда шуд.


«Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014 ба содироти пиллаи абрешимии барои ресиш коршоям, абрешим–ашёи хом (тобдоданашуда) ва партовҳои абрешимӣ 20 фоиз, вале на кам аз 100 Евро барои 1000 кг боҷи гумрукӣ ҷорӣ карда шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020 номгўи намудҳои фаъолият, аз қабили пиллапарварӣ, пиллакашӣ, пиллапазӣ ва пилларесӣ, ки дар хона иҷро мегарданд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шудаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.03.2013 «Дар бораи Номгўи техникаи таъйиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмўи ягонаи технологиро ташкил дода, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мегарданд», воридоти дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» ҳамасола воридоти тухми кирмак аз пардохт аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2022 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд, бо андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ карда намешаванд. Тибқи ин қонун аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 шахсони ҳукуқие, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз он истеҳсолшаванда машғуланд, аз рўи ин намуди фаъолият андозбандӣ карда намешаванд, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ»,- зикр намуд Абдурауф Пулотов.

Соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла рукни муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешаванд. Зеро маҳз иқлими мусоиди Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки ба ин намуди соҳа сокинон шуғл варзида, маҳсулоти истеҳсолнамудашонро пешкаши бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ гардонанд.

Дар баъзе давлатҳо бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳаи пиллапарварӣ тавассути қонунгузорӣ якчанд имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ гардидаанд, ки дар натиҷаи онҳо истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла атлас, адрас ва дигар навъҳои матоъ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷумҳурии мо низ бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумат якчанд имтиёзҳо пешниҳод карда шудаанд, ки интизор меравад бо ҳавасманд гардонидани пиллапарварону корхонаҳои коркарди он соҳа рӯ ба беҳбудӣ оварад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/ манбаъҳои боз

Май 7, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад