Маҳмадтоир Зокирзода ва Соҳиба Ғаффорова таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷонро муҳокима намуданд

Май 18, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон манфиатдорем. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова иброз намуд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.

Мавсуф афзуд, ки “ба давлатҳои мо муяссар гардид, ки дар давраи истиқлол, тӯли 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ (29 майи соли 1992) низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробарҳуқуқ бунёд намоем. Ба шарофати иродаи устувори сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкории мутақобила заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст.

Мехоҳам аҳамияти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар моҳи августи соли 2018, ки зимни он оид ба идомаи фаъолият ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба тавофуқ ҳосил шуда буд, таъкид намоям. Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти мо ба кишвари Шумо ба имзо расидаанд, тамоми самтҳои асосии ҳамкорӣ, табодули афкори созанда ва манфиатдор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии байни давлатҳои моро фаро мегиранд. Дар ҷараёни ин сафар 12 санади нав ба имзо расид, ки барои гузаштан ба шарикии бисёрҷанбаи ду кишвар ба сатҳи баланди ҳамкории мутақобилан судманд мусоидат карданд”.

Дар айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон 59 созишнома ва аҳдномаро дар бар мегирад, ки бар заминаи Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон асос ёфтааст.

Зикр шуд, ки омили рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию  иқтисодии ҳарду давлат иҷрои ҳадафҳое мебошад, ки дар доираи созишномаҳои дар доираи Комиссия ба даст оварда ва татбиқи санадҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд. Намунаи ин гуна ҳамкории судманд-ин бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва бо дастгирии соҳибкорони озарӣ 30 апрели соли 2020 таъсис додани «Хонаи тиҷоратии «Тоҷикистон» дар шаҳри Боку мебошад.

“Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миллӣ Маҷлиси  Ҷумҳурии Озарбойҷон фавран пас аз таъсиси Парлумони нави касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Имсол ин дуюмин сафари ҳайати парлумонии мо дар сатҳи олӣ мебошад”,-гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии накӯ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд. 

Акс: МН МО ҶТ

Май 18, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пагоҳ ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
16 декабр ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба ду қонун тағйиру илова ворид карда шуд
15 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд