Нишасти чоруми тадорукотию ташрифотии Конфронси дуюми Душанбе баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода 20 май нишасти чоруми тадорукотию ташрифотӣ бо ҳузури роҳбарияти мақомоти узви Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нишаст иҷрои татбиқи натиҷаи ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе, ки 18 майи соли 2022 таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Меҳвари мавзӯъҳои муҳокимашударо раванди омодагӣ ба танзими чорабиниҳои Конфронси дуюми Душанбе, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об”, боздиди саёҳатӣ барои меҳмонони конфронс аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар ташкил дод.
Маълумоти торнамои Конфронс пайваста нав шуда, барномаи он дар https://dushanbewaterprocess.org/program/ дастрас аст.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид






