Ғолибони бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд

Май 14, 2022 09:46

ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 12 май ду бозии дигари даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат миёни дастаҳои Лигаи олӣ ҷамъбаст шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии марказии даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон-2022 дастаи  футболи «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар бо дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозӣ кард. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 хотима ёфт. Голи якумро дар дақиқаи 5-ум Муҳаммадҷон Насков ба нишон расонид. Дар дақиқаи 86-ум легионери украинии душанбегиҳо Темур Партсвания голи ҷавобӣ зад. Барои  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ин аввалин бозӣ дар мавсими ҷорӣ буд.

Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  (0:0) холҳоро тақсим карданд. Дар охири қисми аввал  дастаи «Равшан» зарбаи ҷаримаи 11-метраро ба нишон расонида натавонист – зарбаи задаи Абдухалил Бороновро дарвозабони «Хуҷанд» Шоҳрух Қирғизбоев баргардонд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 14-15 май баргузор мешаванд. Имрӯз, 14 май – «Равшан»-и  ноҳияи Зафаробод  бо  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ, КМВА-и  шаҳри Душанбе  бо  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, рӯзи якшанбе дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода  бо  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и  шаҳри  Кӯлоб   бо  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан   ва  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   бо  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  вомехӯранд.

Акс: ФФТ

Май 14, 2022 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд