Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Тоҷикистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар Душанбе ба имзо расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи кишвар.
Санади мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Зиёд намудани масоҳати заминҳое, ки дар онҳо идоракунии устувори ландшафтҳо дар минтақаҳои интихобгардидаи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти барқарорсозии ландшафтҳои байнисарҳадӣ аз ҳадафҳои лоиҳа арзёбӣ мегарданд.
Арзиши умумии лоиҳа 32,2 миллион ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 45,0 миллион доллари амрикоӣ (маблағи грантӣ) баробар мебошад.
Муҳлати татбиқи лоиҳа панҷ солро ташкил дода, аз соли 2022 то соли 2027 идома меёбад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






