ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 май, ҷумъа, 133-юмин рӯзи соли 2022 аст

Май 13, 2022 08:00

13 майи соли 2015 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.

***

6 сол пеш, 13 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.

13 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Русия – Рӯзи хадамоти дидбонӣ-посбонии милитсия.

 РӮЙДОДҲО:

13 майи соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид.

***

13 майи соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

11 сол қабл, 13 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои  кор бо ҷавонони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

***

13 майи соли 1939 дар Париж Конфронси байналмилалии ҳифзи сулҳ, демократия ва эътибори инсоният баргузор гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 дар ИМА куҳансолтарин зани сайёра аз олам даргузашт.

***

Соли 1927 дар Киев клуби футболи «Динамо Киев» ифтитоҳ гардид.

Май 13, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш