Тоҷикистон алоқамандии худро барои баромадан ба бандарҳои обии Эрон барои ҳамлу нақли молу маҳсулот иброз дошт

Май 31, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон алоқамандии худро барои баромадан ба бандарҳои обии Эрон, ҳамчунин истифодаи имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос барои ҳамлу нақли молу маҳсулот иброз намуд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 май дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон изҳори назар намуданд.  

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «ҷониби Тоҷикистон аз тадбирҳои муштарак барои бунёди роҳҳои заминӣ, ки ду кишварро бо ҳам мепайванданд, истиқбол мекунад».

Ба ин мақсад Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ, зарурати рушди зерсохтор ва пайвастани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар изҳори назар намуданд.

Густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла такмили сохтори муомилоти тиҷоратии ду ҷониб ва талошҳои бештари ниҳодҳои соҳавӣ яке аз самтҳои муҳим мебошад.

«Дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ бештар фаъол гардидани тамосу робитаҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорони ду кишвар мувофиқи мақсад дониста мешавад , — гуфт Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. — Ҷониби Тоҷикистон баргузории намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва ҳамоишҳои доираҳои соҳибкорӣ дар қаламрави ҳамдигарро дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо муассир ҳисобид».

Зикр гардид, ки роҳандозии ҳамкории густурда миёни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар, робитаҳо байни минтақаҳо ва вилоятҳои Тоҷикистону Эрон метавонанд аз соҳаҳои дигари ояндадор шаванд ва ба нафъи ҳарду ҷониб бошад.

Дар ин самт нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар раванди баррасӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 29-30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доштанд.

Дар доираи ин сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ, Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.

Дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсии миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат дар асоси ҳусни тафоҳуму эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ, инчунин тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шуморида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 31, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН. Об инсоният ва табиатро аз хатари нобудшавӣ ҳифз менамояд
ЧУН ОБ МУСАФФО ВА ЧУН НАВРӮЗ ПУРШУКУҲ. Президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳифзи табиат ва маросиму суннатҳои волои миллиямон муҳаббати баланд доранд
ҚУДРАТИ МУТТАҲИДСОЗАНДА. Онро Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маърази назар гузоштанд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчиёни Конфронси таърихӣ дар Ню-Йорк Барномаи амал оид ба захираҳои обро қабул карданд
ТAШAББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ҷонибдорӣ вa тaтбиқи он рисолaти ҳaр фaрди миллaтдӯсту меҳaнпaрaст aст
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дастрасии одилона ба об, сармоягузорӣ, истеъмоли оқилонаи устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим — чор самте, ки буҳрони ҷаҳонии обро метавон рафъ кард
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. СММ даъват ба амал овард, ки барои рафъи буҳрони ҷаҳонии об «тадбирҳои тағйирдиҳанда» андешида шаванд
ҶАҲОН ВА МУШКИЛОТИ МАРБУТ БА ОБ. 2 миллиард нафар умуман ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад
Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт
ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!