14 варзишгари Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба гўштин дар шаҳри Бишкек иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19-26 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-23) баргузор мешавад, ки дар он 14 варзишгар аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Аввалин маротиба аст, ки қувваозмоиҳо дар ду категорияи синну сол дар як вақт доир мегардад.
Ба иттилои Федератсияи гўштини Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардиданд.
Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола 19-22 июн ва миёни ҷавонони то 23-сола 23-26 июн баргузор мешавад.
Аъзои дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба гўштин:
Гўштини юнонӣ-римӣ
Наврасони то 17-сола
- Нодир ТУРСУНЗОДА (55кг)
- Ҳусейн ҲАСАНОВ (60кг)
- Суннат АБДУЛЛОЕВ (65кг)
- Ансор РАҲМАТЗОДА (92кг)
- Акрами ҶАҲОНГИР (110кг)
Ҷавонони то 23-сола
- Асламҷон АЗИЗОВ (55кг)
- Ҳабибҷон ЗУҲУРОВ (77кг)
Гўштини озод
Наврасони то 17-сола
- Н. РАҲИМЗОДА (60кг)
- Муҳаммадфотеҳ ОЛИМОВ (65кг)
- Муҳаммадамин АБДУЛЛОЕВ (80кг)
Ҷавонони то 23-сола
- Мустофа АҲМАДОВ (70кг)
- Саидасан АШРАФХОНОВ (74кг)
- Сомон ИКРОМОВ (79кг)
- Файз ФАЙЗЗОДА (97кг)
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад






