15 нафар устодону омӯзгорони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар курсҳои бозомӯзии Узбекистон такмили ихтисос мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон ва иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» 15 нафар устодону омӯзгорони соҳа аз муассисаҳои таълимии вазорат ҷиҳати такмили ихтисос дар курсҳои бозомӯзӣ, аз 1 июни соли 2022 ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аз ҷараёни бозомӯзии устодону омӯзгорони тоҷик Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Озодбек Назарбек дидан намуда, бо онҳо мулоқоту суҳбатҳои самимӣ баргузор намуд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва комёбиҳои назаррас дар соҳаи фарҳанг як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Аз ҷумла, қабули «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, барои фаъолияти самараноки соҳа, беҳтар кардани сифати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мусоидат мекунад.
Барномаи мазкур механизми амалишивии сиёсати давлатиро дар омода кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр, бозомӯзии кадрҳои соҳа, самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ, такмили касбияти кормандони педагогию эҷодии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг шароити зарурӣ фароҳам меоварад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад






