Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисабон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар мавзӯи «Вусъат бахшидан ба амалҳои ба илму фанноварӣ асосёфтаи марбут ба уқёнус», ки 27 июн дар шаҳри Лисабони Португалия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа роҳбарӣ мекунад. Ба он инчунин муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода шомил мебошад.
Ҳамоишро Президенти Португалия Марсело Ребелу де Соуза ва Президенти Кения Ухуру Кениата якҷо бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ҳамрасӣ намуданд. Дар Конфронс сарони 25 давлатҳо ва ҳукуматҳо, ҳазорон нафар роҳбарони мақомоти давлатӣ, олимон аз 120 кишвари ҷаҳон, намояндагони 38 агентиҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, 1200 ташкилотҳои ғайридавлатӣ, 400 ширкат ва 150 донишгоҳҳо ширкат варзиданд.
Дар интиҳои Конфронси мазкур кишварҳо дар бораи қабули як нақшаи амал ба мувофиқа хоҳанд расид, ки вокуниши дастаҷамъонаи глобалиро барои ҳалли таназзули уқёнусҳо талаб менамояд. Санади ниҳоӣ, ки дар ҷаласаи хотимавӣ қабул хоҳад гашт, тадбирҳои илмӣ ва навоваронаро бо назардошти мушкилоти иқтидори кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан мамлакатҳои сусттараққикарда муайян мекунад.
Конфронси мазкур то рӯз 1 июл идома мекунад.
Акс: ВКХ ҶТ









Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд






