Дар Балҷувон Фестивали «Сад ранги чакан» доир гардид
БАЛҶУВОН, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ҷараён дорад, ки дар он ҳунармандон маҳсули ҳунари хешро ба намоиш мегузоранд. Дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”-и ноҳияи Балҷувон даври ноҳиявии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки дар он занон ва духтарони ноҳия ҳунари худро ба аъзои ҳакамон нишон доданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Ёдовар мешавем, ки ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидани чакан мардуми Тоҷикистон, алалхусус ҳунармандонро хушнуд кард ва ин шароит фароҳам овард, ки барои рушд додани чакандӯзӣ ва омӯзиши ин ҳунари ниёгон ба ҷавонон тадбирҳои судманд андешида шаванд.
Ҳунармандони ноҳияи Балҷувон тибқи низомномаи фестивал маҳсулоти чаканӣ, аз ҷумла куртаю рӯймол, ашёи рӯзгор, сӯзанӣ ва болишту бардевориҳоро ба намоиш гузоштанд. Дар намоиш бештар ҷавондухтарон фаъол буданд ва бо пӯшидани либосҳои чакани гуногунранг ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд. Ҳайати ҳакамон аз намоишгоҳ дидан карда, ба ҳунару маҳорати кадбонуҳо ва ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Тавре узви ҳайати ҳакамон Моҳсафар Абдуллозода иттилоъ дод, “мардуми тоҷик аз қадим соҳибфарҳанг буду соҳибҳунар ва ҳунари хешро аз насл ба насл боқӣ гузошта, то замони мо расонидааст. Ин аст, ки вобаста ба ҳаводиси таърих ва пешрафти илму техника ба нақши чакан низ дигаргуниҳо ворид шудаву вале он мавқеи худро гум накардааст. Дар нақши чакан табиати зебои диёр, ҳунари волои занону модарони тоҷик ва нақшу нигори миллӣ ҷой доранд”.
Дар идомаи намоиш сару либоси арӯсӣ аз чакан ва адрасу атлас пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






