Дар Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

Июнь 6, 2022 17:09

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ оид ба умури парлумонии Ҷопон ҷаноби Таро Хонда, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, байнипарлумонӣ, фарҳангӣ, роҳҳои рушду таҳкими онҳо дар ҳошияи Муколамаи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, инчунин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»  баргузор мешавад.

Барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.

Барои инъикоси кори Конфронс зиёда аз 500 нафар намояндагони ВАО-и маҳалӣ ва хориҷӣ сабти ном шудаанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 6, 2022 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид