Дар Фархор Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бошукӯҳ таҷлил намуданд

Июнь 1, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Фархор барномаи идона баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳия хабар доданд.

Дар даромадгоҳи базмгоҳ  меҳмонон  аз намоиши  дастоварду ихтирои  кӯдакону наврасон   дидан намуда, ба  маҳорату  истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд.

Муовини раиси ноҳияи Фархор Дилбар Раҳматуллозода иброз дошт, ки “дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба тарбияи кӯдак,  ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас ва таълиму тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳамасола 1 июн дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин мамлакатҳост”.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар падару модар мебошанд.

Дар идомаи барнома маҳфили омоданамудаи хонандагони мактаби бачагонаи санъат ва тарбиятгирандагони боғчаҳои ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

АКС: маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор

 

Июнь 1, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид