Дар Хатлон шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иҷозатномаи иқомат гирифтанд

Июнь 11, 2022 09:05

ДУШАНБЕ, 11.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар байни шаҳрвандони хориҷии муқими ҳудуди вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ мебаранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

-Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Шаҳритӯс чунин вохӯриҳо доир гардида, ба як зумра шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иҷозатномаи иқомат дода шуданд,-афзуд манбаъ.

Кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунӣ гардонидани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ѓайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои марбут ба онҳо, бақайдгирии симкортҳо тибқи шиносномаҳои соли 2014» пайваста миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ – иттилоотӣ мегузаронанд.

Раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тавзеҳ додааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳатман тибқи қонунгузории Тоҷикистон аснод тартиб дода, будубоши худро дар кишвар қонунӣ намоянд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2022 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид