Дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мулоқоти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо сокинони гуногункасб, масъулини мақомоти иҷроия, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия, ҷавонон, варзишгарон, гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Маликшо Неъматзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳимияти ин санаи таърихӣ ҷалб намуда, иброз дошт, ки «маҳз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, тоҷиконро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ расонид ва сабаби хомӯш гардидани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ гардид. Маҳз сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ истиқлоли ҷавони моро аз хатарҳои ҷиддӣ раҳоӣ бахшида, роҳро ба сӯи давлатсозии миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ боз намуд».
Тазаккур дода шуд, ки маҳз ҷонбозиҳо ва идроки баланди фарзанди сарсупурдаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рӯзгори ором ва зиндагии осоишта созгор гардид ва мардуми шарафмандамон ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз халқи бузурги мо ба қадри сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озодӣ ба хубӣ мерасанд ва ба он арҷ мегузоранд.
Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, ки имсол ба баргузории он 30 сол пур мешавад.
Зимни мулоқот гирандагони стипендияҳои президентӣ ва ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Пешвои миллат барои ғамхориҳои ҳамешагӣ, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, илму маориф ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ изҳори сипос карданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 июни соли 1997 миёни тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола амалан хотима бахшид ва раванди ташаккули таҳаввулоти минбаъдаи мамлакатро дигаргун намуд.
Акс: ФИКМТ








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд






