Дар Туркия барнома ва лоиҳаҳои TIKA-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти TIKA Серкан Каялар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва маориф, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, инчунин барномаю лоиҳаҳои ташкилоти мазкур дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд таъкид намуд, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод.
Маҷмуан, солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллари ИМА (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла 124 млн. доллари ИМА (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондодҳо Туркия мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.
Дар рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз беш аз 11 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






