Дзюдочиёни тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» ба Муғулистон мераванд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дзюдочиёни тоҷик мавсими ҷаҳонии дзюдоро дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Grand Slam»), ки дар Улан-Батори Муғулистон баргузор мешавад, идома медиҳанд. Мусобиқа аз 24 то 26 июн доир мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 200 варзишгар аз 27 давлат иштирок мекунад. Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи «Grand Slam» яке аз бонуфузтарин мусобиқоти арсаи ҷаҳонист.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳайати даста иборат аз Шаҳбоз Саидаброров (66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), ки пас аз ду соли муолиҷа ба варзиш баргашааст, Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) намояндагӣ мекунад.
Дзюдочиён дар ҳафт вазн байни мардону занон иштирок мекунанд. Хазинаи ҷоизаивии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба барандаи ҷои аввал 4 ҳазор евро, ҷои дуюм 2,4 ҳазор евро ва ғолиби ҷои сеюми мусобиқа 1,2 ҳазор евро тақдим карда мешавад.
Арзиши мукофотҳо барои ҳисобкунии рейтинг чунин хоҳад буд: 500 хол – ҳисоби рейтинги ҷаҳонӣ барои тилло, 300 барои нуқра ва 200 барои биринҷӣ. Ба шарофати арзиши баланди рейтинги ғолибият дар чунин мусобиқаҳо дар ин сатҳ ба таври анъанавӣ дзюдочиёни номдор ширкат меварзанд.
Марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти «Grand Slam» дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.
Дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tbilisi Grand Slam 2022», ки 3-5 июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси баргузор шуд, варзишгарони тоҷик низ иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.
Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар — Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.
ДАР АКС: Беҳрӯз Хоҷазод пас аз муолиҷаи тӯлонӣ дар мусобиқаи «Grand Slam» ширкат мекунад. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд






