Фирӯза Шарифӣ: «Вилояти Хатлон беш аз 60 фоизи талаботи бозори Тоҷикистонро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамояд»
ДУШАНБЕ, 19.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлон беш аз 60 фоизи талаботи бозори Тоҷикистонро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин менамояд. Ин нуктаро муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар мулоқот бо намояндагони расонаҳои хабарӣ, ки дар доираи корвони иттилоотии журналистони Тоҷикистон ба шаҳри Бохтар ташриф оварданд, зикр намуд.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон калонтарин минтақаи агросаноатӣ дар ҷануби Тоҷикистон буда, 63 фоизи истеҳсоли ғалла, 68 фоизи пахта, 60 фоизи сабзавот, 78 фоизи зироатҳои полизӣ, 57 фоизи истеҳсоли гӯшт, 51 фоизи истеҳсоли шир, 41 фоизи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла 90 фоизи нерӯи барқи ҷумҳурӣ дар он истеҳсол мегардад.
Фирӯза Шарифӣ илова намуд, ки дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи вилоят ҳар сол беш аз 270 ҳазор тонна нахи пахта, зиёда аз 2,5 миллион тонна маҳсулоти полезӣ, меваю сабзавот, ангур ва беш аз 1 миллион дона пӯсти чорвои хурду калони шохдор ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи соли равон кишоварзони вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 12129,4 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 1310,2 тонна тавассути нақлиёт, тайёра, 3819,2 тавассути роҳи оҳан ба хориҷи кишвар, асосан ба Русия Беларус, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон ва Покистон содирот кардаанд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи истеҳсоли маҳсулоти кишвоарзӣ , истифодаи самаранок ва оқилонаи ҳар ваҷаб қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дар маҷмӯъ таъмин фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад, дар вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро ҷиҳати истифодаи самаранкои ҳар як ваҷаб замин ба сокинон ба роҳ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 18 июн зимни суханронияшон дар машварати корӣ, ки бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара доир гардид, таъкид намуданд, ки «ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд. Яъне мо бояд аз имрӯз сар карда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омода шавем».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






