Имрӯз дар Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» бо иштироки 400 нафар меҳмонон оғоз мешавад

Июнь 17, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 17 ва 18 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад, ки дар он наздик ба 400 нафар меҳмонон иштирок мекунанд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории Ярмаркаи савдо, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ, имконият ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин  бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.

Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форум таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо» ба нақша гирифта шудааст, ки  дар  он  ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Дар назар аст, ки дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ва форуми тиҷоратӣ илова бар соҳибкорони вилояти Суғд,  наздики  400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Халтон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок  намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 17, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид