ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар нахустин устоди фарзанданд

Июнь 1, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон  рӯзи аввали фасли  тобистон — 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад.  Бахшида ба ин ҷашн дар кишвар барномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ  доир мегарданд. Мақсад аз эълони ин рӯз — зиндагии хуш ва ояндаи неки насли наврас  мебошад. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар»  Файзалӣ НИЁЗ бо муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим НИЗОМОВ суҳбат намуд.

Ба гуфти Абдуҳалим Низомов, «аз даврони ба даст овардани истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани  ҳама гуна шароит барои кӯдакону наврасон ҳамасола бо роҳи қабули қонуну қарорҳо ва ба тасвиб расонидани конвенсияҳои СММ саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дуюми августи соли 2011 дар низоми қонунгузории Тоҷикистон мавқеи махсуси хешро пайдо намуд, ки аз 6 боб ва 17 модда иборат аст».

Ба назари ҳамсуҳбати мо, қабули чунин санади миллӣ таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад.

Қабули қонуни мазкур дар ҷумҳурии мо ислоҳоти ҷиддиеро дар соҳаи илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ба миён оварда, таконбахшу ҳидоятгари аҳли ҷомеа баҳри ба даст овардани муҳимтарин сармояи инсонӣ–маърифат гардид.

Пеш аз ҳама, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқан дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ба зимма доштаашонро хуб эҳсос намуда, дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандонашонро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дарк намуданд.

“Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои муайян баъзе падару модарон ва аҳли ҷомеа риояи муқаррароти қонуни мазкурро сарфи назар мекунанд, ки ба рӯҳияи кӯдакон бетаъсир намемонад”,- таъкид намуд А. Низомов.

Мавсуф  оид ба нақши оила дар тарбияи фарзанд ва ротиба бо мактаб иброз дошт, ки “дар ин раванд бояд оила  бо мактаб робитаи зич дошта бошад. Ҳарчанд оила дар тарбияи кӯдак нақши муҳим дорад, аммо дар алоқамандӣ бо мактаб мукаммал мегардад.

Дар сархати 8-уми моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд”.

Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин рӯ барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигарро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад.

“Қонун ҳамаи аҳли ҷомеа ва сохторҳои мавҷударо масъул намудааст, ки ба таълиму тарбияи кӯдакон эҳтиром гузоранд. Падару модар дар қатори дигар аҳли ҷомеа бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарзандашон таълиму таҳсили хуб гирифта, фанҳои таълимиро ба таври даркорӣ аз бар намоянд, дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ иштироки фаъолона дошта, касби дуруст интихоб намоянд. Яъне, бо назардошти чунин муносибати падару модар нисбат ба фарзанд дар татбиқи амалии қонун собит гардид, ки нахустин устоди фарзанд падару модар аст”,- изҳор дошт дар интиҳои суҳбат муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Низомов.

АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонӣ

Июнь 1, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид