Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард сарбозонро ба омӯзиши навъҳои техника ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо оғоз намудани хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбозон аз рӯйи ихтисос дар марказҳои таълимии ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба таълимоти фанҳои дақиқи низомӣ, омӯзиши навъҳои техника ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигард аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз дар омода кардани ҳазорҳо мутахассисони хурди низомӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон саҳми арзандаю назаррас дорад.
Ҳамасола сарбозон ба ин маркази таълимӣ тибқи эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб карда шуда, мувофиқи ҳунару маҳорат ва завқу хоҳишашон ба омӯзиши ихтисосҳои механик-ронада, танзимгар-нишонгир, муҳандис, минаҷӯ, нишонгир ва экипажи техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, танкистону тӯпчиён ва баҳри омода кардани дигар мутахассисони хурди низомӣ ҷалб карда мешаванд. Бо гирифтани маълумоти махсуси касбии низомӣ соҳиби шаҳодатнома гашта, дар сафи ҷузъу томи Вазорти мудофиа ва қисму воҳидҳои ҳарбии навъи қӯшунҳо хизмати масъулиятноки худро пеш мебаранд.
Дар ин маркази таълимӣ ҷиҳати босамар гузаронидани дарсу таълимоти муқарраршуда, барои ҳар як гурӯҳ вобаста ба ихтисосашон аёниятҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизот ва техникаҳои навсохту замонавӣ ҷиҳозонида шудааст, ки дар машғулиятҳои назариявӣ вобаста ба вазифа, иқтидор ва нақши ҳар як навъи техникаву аслиҳаи ҷангӣ афсарони ботаҷриба ба сарбозон маълумоти муфассал медиҳанд.
Мутахассисони хурди пиёданизом, аз ҷумла, ронандагону нишонгирони ин навъи техникаҳо дар ин маркази таълимии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат омода карда мешаванд, ки масъулияти таълиму тарбия ва машғулиятҳои амалӣ-омӯзишии онҳоро афсарони ботаҷриба бар уҳда доранд.
Ба қавли масъулин, сарбозон дар муддати кӯтоҳи омӯзиш ҳамаи нозукӣ ва рондани чунин мошини вазнини ҷангиро аз худ менамоянд. Онҳо донишҳои касбии худро бо рондану идора намудан ва тирпарронӣ аз силоҳҳои ҷангии ин навъи техникаҳои ҳарбӣ дар машқгоҳҳои низомӣ боз ҳам ба таври васеъ такмил дода, онро минбаъд дар қисмҳои ҳарбӣ идома медиҳанд.
Дар Маркази таълимии Вазорати мудофиа сарбозон дар баробари оне, ки ба омӯзиши ихтисоси худ машғул мешаванд, инчунин аз ҷониби ҳайати роҳбарии қисми ҳарбӣ ба камолоти шахсиву ҷисмонӣ ва гузаронидани машғулиятҳои тактикиву оташфишонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. То ки ҳайати шахсӣ, натанҳо мутахасиси самти муайян, балки донандаи тамоми донишҳои ҳарбӣ ва ҳимоятгари воқеии марзу буми кишвар гарданд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки мутахассисони хурди омоданамудаи Маркази таълимии Вазорати мудофиа имрӯз дар сафи ҷузъу том дар баробари афсарон фаъолияти босамар дошта, ҳунари омӯхтаи худро дар амал тадбиқ ва ба ҳамсафон меомӯзонанду баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дифои якпорчагии Ватани маҳбуб талош мекунанд.
Вобаста ба шароиту имконоти фароҳамбуда ҳаминро бояд зикр намуд, ки имрӯз барои ҳайати шахсӣ чун дигар қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар ин Маркази таълимӣ низ синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, нуқтаи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои хизмативу майишӣ фароҳам оварда шудааст. Албатта, он имкон медиҳад, ки афсарону сарбозон дарсу таълимоти низомӣ ва хизмати ҳарбии худро содиқонаву сарбаландона пеш баранду бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба омӯзиши ҳама нозукиву махсусиятҳои хизмати пешбинигардида машғул шаванд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ










Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






