Мумфаршкунии роҳи деҳаи Навободи ноҳияи Мастчоҳ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар деҳаи Навободи ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои мумфаршкунии роҳи мошингард, ки дарозии он 6 км ва паҳноияш 5 метрро дар бар мегирад, оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ иттилоъ дод.
Роҳи мазкур тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш карда мешавад.
Деҳаи Навобод соли 1990 таъсис ёфта, сокинон солҳои зиёд орзу доштанд, ки роҳи деҳаашон мумфарш гардад. Дар маросими оғози корҳои роҳсозӣ Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтарсозии шароити зисти мардум ва ободонии роҳҳо иброз дошт, ки солҳои охир дар ноҳияи Мастчоҳ иншооти гуногуни иҷтимоӣ бунёд гардида, симои ноҳия бамаротиб зебо шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод. Сокинони деҳа барои иҷрои кори нек ва мумфаршсозии роҳ ба Сарвари давлат миннатдории худро баён намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






