Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан боздид ба амал овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Дар ин сафар муовини Сарвазирро муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Муовини Сарвазир ва ҳамроҳонаш бо боғҳои навбунёд, майдонҳои кишти картошка, ғалла, сабзавот ва мақсаднок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳотҳои «Нофароҷ», «Пошкент» ва «Чорбоғ» шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Истаравшан соли 2022 дар ҳама намудҳои шакли хоҷагидорӣ маҷмӯан дар майдони 3385,36 гектар замин кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 350,36 гектар зиёд мебошад. Дар ин раванд кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти «Чорбоғ», «Нофароҷ», «Ҷавкандак», «Пошкент» ва «Қалъаи баланд» саҳми назаррас гузошта, аз 39 то 140 гектар барзиёд нақшаи кишти картошкаро иҷро карданд. Соли равон 76 гектар майдонҳои боғ аз нав барқарор карда шуда, тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 46 гектар заминҳои таллу теппа боғҳои нав бунёд карда шуданд. Инчунин дар майдони зиёда аз 17 ҳазор гектар замин ғалладонагӣ кишт карда шудааст, ки наздики 7,5 ҳазор гектари он гандум мебошад.
Сулаймон Зиёзода бо деҳқонону хоҷагидорон ва масъулини соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан ва ҷамоатҳои деҳоти он суҳбат анҷом дода, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранок истифода кардани заминҳо ва гирифтани ду — се ҳосил аз як замин, ба кишт пурра фаро гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ба таври кофӣ барои ду сол захира кардани маҳсулот ва дигар масъалаҳои марбут супоришҳои мушаххас дод.
АКС: дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан








Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд






