ҶОМИ ОСИЁ-2022. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон пас аз мағлуб гаштан аз футболбозони Арабистони Саудӣ дар бозии дуюми Ҷоми Осиё-2022 бар муқобили Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Бозӣ дар Узбекистон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал футболбозони тоҷик аз бозигарони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буданд.
Ҳамакнун дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи панҷшанбе, 9 июн дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ ва Душанбе баргузор мешавад.
Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петар Сегрт омодагиро ба бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба муқобили тими миллии Мянмар идома медиҳад. Тамринҳо дар Бишкек баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ рӯзи чаҳоршанбе, 8 июн бозии аввалро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови Қирғизистон дар Бишкек соати 15:30 ба вақти Душанбе доир мегардад.
Акс: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






