ҶОМИ ОСИЁ-2022. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ вориди рақобат мешавад

Июнь 3, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 19  июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 23-сола оид ба футбол баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 16 кишвари қора  ширкат меварзанд, аз ҷумла Тоҷикистон. Дастаҳо ба 4 гурӯҳи чордастаӣ  ҷудо шудаанд. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаӣ  (дар маҷмӯъ 8 даста) ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар рӯзи аввали  Мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 23-сола   рақобатҳо  бо  чунин натиҷаҳо ба қайд гирифта шудаанд:

01.06.2022

Эрон (U23) 1:1  Қатар (U23)

Австралия (U23)  2:0 Қувайт (U23)

Узбекистон (U23) 1:0 Туркманистон (U23)

Урдун (U23) 1:1 Ироқ (U23)

Имрӯз дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022   дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Кореяи Ҷанубӣ бо Малайзия  ва Тайланд  бо  Ветнам  вориди  майдони рақобат мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  дастаи  мунтахаби ҷавонони  то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол 3 июн бо ҳамтоёни хеш аз Арабистони Саудӣ рақобат  мекунад.

                                                                                                                 Акс: ФФТ

Июнь 3, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд