ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. Дар Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотӣ доир гардид

Июнь 1, 2022 08:33

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол хеле ҷолиб баргузор шуд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон 12 дастаи Лигаи аввал баромад мекунанд, ки дар қуръакашӣ аз онҳо шаш ҷуфт ташкил карда шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа дастаҳои футболи  «Панҷшер» бо «Динамо», «Ваҳдат» бо «Ҳосилот», «Моҳир» бо «Душанбе», «Ҳулбук» бо «Сарҳадчӣ», «Саройкамар» бо «Гулистон» ва «Барқчӣ» бо «Кӯктош» миёни ҳам  рақобат  мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як вохӯрӣ иборат буда, 4-5 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки дар ин марҳила бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Вохӯрии  дастаҳои футболи «Панҷшер»-и ноҳияи  Ҷалолиддини Румӣ  ва «Динамо»-и шаҳри Душанбе  дар рӯзҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад, зеро футболбозони дастаи  «Динамо» ҳайати асосии  дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки  2 ва 4 июн дар Душанбе бо ҳамсолони худ аз АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Дар сурате, ки як бошгоҳ ҳам қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳам соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали биринҷии лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2022

Марҳилаи муқаддамотӣ

4 июн (шанбе)

Бозиҳо соати 17:00 оғоз мешаванд

«Ваҳдат» – «Ҳосилот»

«Моҳир» – «Душанбе»

5 июн (якшанбе)

Бозиҳо соати 17:00 оғоз мешаванд

«Ҳулбук» – «Сарҳадчӣ»

«Саройкамар» – «Гулистон»

«Барқчӣ» – «Куктош»

                                                                                                       Акс: ФФТ

 

 

Июнь 1, 2022 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд