«Пояндаву абадӣ бод Ваҳдати миллии мо!»,- бардошт аз тантанаҳои идона дар вазорату идораҳо ва дигар мақомоти Тоҷикистон

Июнь 27, 2022 14:16

ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн мардуми шарифи  Тоҷикистон 25-умин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд.

Бахшида ба ин санаи муҳим дар шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ тантанҳои идона доир гардиданд, ки аз натиҷаи онҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориши муфассал омода намуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

 24 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин вазорат ҳамоиши идона доир гашт. Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода зикр намуд, ки ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ҳамчун арзиши олии давлатдорӣ ба шумор​ меравад, ки он  дар як замони басо душвори таърихӣ ба даст омадаву миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳо бахшидааст. Тоҷикистон замоне ба ваҳдати миллӣ шарафёб гардид, ки мамлакат ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, дар ҳоли нобудӣ қарор дошт.

Дар ҷамъомади мазкур зикр гардид, ки дар чунин як давраи басо душвор ва ҳассос фарзанди фарзонаи Ватан Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати тоҷикро аз нобудӣ наҷот бахшад, ба сарзамини ҷангзадаи тоҷикон сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагии комил оварад. Бинобар ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои хастанопазир ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки​ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки инак, 25 сол мешавад, ки кабутари сулҳ дар фазои софу беғубори мамлакати азизамон дар парвоз мебошад ва мардуми меҳнатқарини тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат  баҳри рушди Ватан тамоми кӯшиш ва талошро равона сохтаанд.

Суди Олии иқтисодӣ

24 июн дар Суди Олии иқтисодӣ низ ба ин муносибат  ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Файзалӣ Комилӣ ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷиконро яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат унвон кард, ки воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.

Файзалӣ Комилӣ афзуд, ки талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расиданд ва натиҷаи ин заҳматҳоро мо имрӯзҳо дар мисоли пешрафтҳои беназири мамлакат дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдорӣ мебинем ва аз он баҳравар мешавем. Зеро маҳз Иҷлосияи мазкур як нуқтаи гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат, сароғози таърихи навтарини даврони истиқлол, расидан ба сулҳу субот гардид.

Зикр гардид, ки имрӯз дар маҷмӯъ бобати дар амал татбиқ намудани муқаррароти конститутсионӣ, бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ, ки ҳадафи он аз ҷониби давлат фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар инсон мебошад, пайомадҳои назаррас рӯи кор омадаанд, ки ҳама он самараи неки ваҳдат аст.

Ба гуфтаи Файзалӣ Комилӣ,  дар шароити пешрафти низоми ҳуқуқиву давлатдории миллӣ оғоз аз лаҳзаи қабули Конститутсия то ба имрӯз ҷиҳати таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, таҳкими нақшу мавқеи суд ва баланд бардоштани обурӯву нуфузи ин мақомот дар ҷомеа дастгириву талошҳои Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. «Самараи тадбирҷӯиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатии дорои механизми дар амал татбиқ гардидани кафолатҳои Конститутсия мебошад. Қонуни олии мамлакат инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф карда, тамоми самтҳои фаъолияти давлатдорӣ ва амалигардидании он ба ин муқаррарот равона карда шудааст»,-изҳор дошт мавсуф. 

Кумитаи рушди сайёҳӣ

Бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Муассисаи давлатии «Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ мизи мудаввар зери унвони «Ваҳдати миллӣ — омили рушди устувори сайёҳӣ» баргузор шуд.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комил дар мамлакат дар натиҷаи талошҳои созанда ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд шуда, симои кишвар  ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид ва мувофиқи иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар мамлакатамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар идомаи ҳамоиш ба як ширкати нави сайёҳӣ — ҶДММ «Толокор гурӯҳ» иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳӣ супурда шуд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокчиён доир ба таҳкими истиқлолияту ваҳдат, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Агентии назорати маводи нашъаовар 

— Дар таърихи ҳар як халқу давлат санаҳое мавҷуданд, ки онҳоро бешакку шубҳа санаҳои сарнавиштсоз номидан мумкин аст. Қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон,  аз ҷумлаи дастовардҳои беназире мебошад, ки Ватани маҳбуби моро ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гардонид ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин матлабро Директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори адлия  Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 25 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 24 июн дар Агентӣ баргузор шуд, баён дошт.

Ҳабибулло Воҳидзода иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ, ки маҳз бо шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваю тавоноӣ бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳангӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, рушди муназзам ва устувори соҳаҳои ҳаётии мамлакат шароити заруриро фароҳам овард. Ин падидаи беназири даврони Истиқлолият, ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат, тантанаи адолат, рамзи саодат ва шинохти асолати таърихии миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат маҳсуб ёфта, дар сиришти миллати тоҷик ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагиро барои ояндаи неку дурахшон тақвият бахшид.

Дар ҷаласа инчунин кормандони Агентӣ оид ба моҳияти Ваҳдат ва амну суботи миллӣ, муттаҳидию ягонагии мардуми заҳматкашу хирадманд, фидокору ватандӯсти миллати тоҷик изҳори назар намуда, дар ин мавзӯъ шеърҳо қирот намуданд.

Агентии хизмати давлатӣ

— «Ваҳдат-асоси бақои миллат» — таҳти ин унвон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов зикр намуд, дар баробари таҳким бахшидани аркони давлатдорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ташаккули хизмати давлатии муосир ва тайёр кардани кадрҳои миллии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ тадбирҳои мушаххас андешиданд, ки таъсиси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ, қабули силсилаи барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои омода намудани мутахассисон ва рушду нумуи хизмати давлатӣ аз зумраи онҳост.

Зикр шуд, ки мавзӯи ваҳдати миллӣ пояи тамоми сиёсатҳо аст. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи саодати мардум ва пояи пешрафту ободии Ватани маҳбуби мост. Мусолиҳаи миллии тоҷикон, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодир шинохта шуд, боз як далели дигарест, ки дар саҳифаҳои таърих аз тамаддунсозӣ, фарҳангпарварӣ, сулҳоварӣ ва созандагии миллати соҳибтамаддуни мо ҳикоят мекунад.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар як ҷойгаҳ ва дар як поя қарор доранд. Пешвои миллат барҳақ таъкид доштаанд, ки «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро неруи тоза ва тақвият мебахшанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

24 июн дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Сулаймон Султонзода ва ҳайати васеи кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Зикр шуд, ки садои Ваҳдати миллии тоҷикон сол аз сол дар курраи замин шуҳратёр гардида, сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзишу таҳқиқи олимон қарор гирифтааст, ки ин бори дигар аз арзиши баланди фарҳангу тамаддуни мардуми сарбаланди тоҷик шаҳодат медиҳад. Бинобар ин моро лозим аст, ки зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинем ва донем, ки бояд ваҳдату ризоияти миллии мо ҳамеша пояндаву ҷовидон бошад. Мо бояд сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем. Барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намуда, дар марҳалаи навини имрӯза ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои мақомот беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ фаъолият намоем ва заҳмат кашем.

Дар идомаи чорабинӣ собиқадорони мақомот бо маърӯзаҳои худ доир ба рисолати таърихии ин санаи фархундапай ибрози андеша намуданд.

Хадамоти иҷро ва Иттифоқи нависандагон

24 июн Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ботантана ва дар сатҳи баланди хештаншиносӣ ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд. Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ва Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ чун омили тақвиятдиҳандаи Истиқлолияти давлатӣ сарнавишти Тоҷикистони азизро ба маҷрои сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ, созандагиву ободкорӣ равона сохт, ки дар меҳвари он бевосита муҳтарам Пешвои миллат  қарор доранд. Авфи гуноҳ, бахшишу якдигафаҳмӣ заминаи асосии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз гардид, ки то имрӯз ин амал аз шаҳомату бузургии Роҳбари давлат сарҳадҳоро тасхир кардааст.

Зикр шуд, ки имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар як фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.

Андешаи муттаҳидсози афроди миллат бо ташаккули маънавиёти ҷомеа, пойдории амнияти ҷомеаву давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ робитаи мустақим дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти ҷомеа ворид шудани унсурҳои фарҳанги бегона ва вусъат гирифтани фаъолияти ҳар гуна ҳаракату созмонҳои тундраву иртиҷоӣ моро водор месозад, ки ба хотири ҳифзу густариши арзишҳои неки миллӣ чораҳои муассир андешем.

Дар чунин вазъият моро зарур аст, ки барои тарбияи наслҳои огоҳу бедор талош намоем, онҳоро дар рӯҳияи ҳифзи истиқлолияту озодӣ ба воя расонем, то ки фарзандони мо оянда барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлати соҳибихтиёрамон омода бошанд.

Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Палатаи ҳисоб 

«Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шарофати заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 25 сол аст, ки дар фазои сулҳу субот ва амният умр ба сар мебаранд. Аз ин дастовард тамоми мардуми мамлакат сарфарозию ифтихор доранд ва талош мекунанд, ки неъмати бебаҳои сулҳу суботро ҳифз намоянд, азизу муқаддас доранд ва онро таҳким бахшанд»,- иброз намуд раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ, ки 24 июн дар  Палата доир гардид.

Қарахон Чиллазода афзуд, ки ҳодисаҳои даҳшатнок, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолии давлатамон аввали солҳои 90-уми асри 20 ба вуқӯъ пайваст на бояд аз хотир баровард, зеро даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд, даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони мо дар дохилу хориҷи мамлакат гуреза шуданд. Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рӯзҳо эҳтимолияти пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон вуҷуд дошт.

Дар фарҷоми ҳамоиш раиси Палатаи ҳисоб таъкид намуд, ки бо мақсади ҳифзи фазои комили ваҳдати миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳама гуна тарғибу ташвиқотии аз ҷониби шахсони гумроҳ, гурӯҳҳои номатлуб ва ҳизбҳои экстремистиву террористӣ, ки ба сулҳу оромии мамлакати мо халал мерасонад, мо пеш аз ҳама ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз он ҳамчун хизматчии давлатӣ бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳушёру фаъол бошем.

Маркази миллии қонунгузорӣ

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  24 июн ҳамоиш доир гардид.

Директори Марказ Иззатулло Саидзода иброз дошт, ки маҳз ваҳдати миллӣ боиси таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, рушду густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва инкишофи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ гардид. Дар робита ба ин, зимни баромад оид ба саъю талош ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи тараққиёти давлату пешрафти ҷомеа изҳори ақида намуд.

Зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои бузурги  халқи тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва  ҳифзи якпорчагии мамлакат аст. Маҳз ба василаи Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст имрӯз ба сифати яке аз мамлакатҳои осоиштаи ҷаҳон шинохта  шавад. Ҳангоме ки халқи тоҷик Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, зарур буд як ваҳдати созгору  созандае ба миён ояд. Натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва баҳамоии миллати тоҷик буд, ки чунин ваҳдат ба даст омад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявии Гвардияи миллӣ бахшида ба 25-умиин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демкоратии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки Ваҳдати миллӣ неруи асосии пешрафтҳои таърихию беназири мамлакатамон дар ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии рушд ва мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад. Гвардияи миллӣ дар навбати худ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дошта, иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд.

Афсари  Гвардия Неъматуллои Холиқ иброз дошт, ки имрӯз хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, афсарону сарбозони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмату талошҳое, ки миллати тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард, ин арзишҳои миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҳамеша баҳри оромӣ ва пешрафту рушду инкишофи мамлакати азизи худ саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои амалӣ  намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда вазифадор гардидааст. Ҳамчунин Гвардияи миллӣ дар якҷоягӣ  ва ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои қудратии мамлакат барои ҳифзу мудофиаи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва дифои марзу буми мамлакат вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Хадамоти гумрук

Ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, қотеияту матонат ва ҳисси баланди масъулият ба Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдат миёни мардуми мамлакат комёб гарданд. Чунин зикр шуд дар дар ҳамоише, ки 24 июн дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Тунсунзода ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд. Азим Турсунзода сухани табрикотии Сардори Хадамоти гумрукро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба самъи иштирокдорони ҳамоиш расонд. Зикр шуд, ки ин санаи муборак раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи мамлакати моро дигаргун сохт, умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар Тоҷикистон бедор кард. Раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокориву ҷуръати махсусро талаб мекард, ки ба бахти миллат Сарвари сазовораш дорои чунин хислатҳои олӣ буданд.

Таъкид гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобгашта созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам оваранд ва сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро Ваҳдат унвон аст.

Ин таҷрибаи нодири сулҳофарӣ, ки дар қиёс ба таърихи дигар ҷангҳои шаҳрвандии ҷаҳонӣ дар фурсати кӯтоҳтарин ба даст омад, маҳаки омӯзиши на танҳо созмонҳои байналмилалӣ, балки аз сӯи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифт.

Воқеан ҳам, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаро дар тамоми арсаҳои ҳаёт оғоз кард.

Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарину муқаддастарин дороии мардуми мо ба ҳисоб меравад, ба мисли Ватан, ба мисли Модар. Ваҳдати миллӣ омили суботу осоиш дар ҳама гуна давлат ва гарави пешрафту шукуфоии он ба шумор меравад. Муваффақиятҳое, ки мамлакатии мо зимни солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, далели гуфтаҳост.

Таъкид шуд, ки вазъи феълии ҷаҳон моро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон бештар диққат диҳем. Эҳсосоти худшиносию ватандӯстии онҳоро тавассути донишу маърифат тақвият бахшем, ваҳдатамонро, ки дастоварди беназири миллат аст, ҷовидон устувору пойбарҷо нигоҳ дорем, зеро ваҳдат омили бақои миллату давлат ва суботи ҷомеа, заминаи пешрафти Ватан ва гарави осудаҳолии ҳар як фарди мамлакат мебошад.

Инчунин дар ҳамоиш сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов доир ба муҳимияти ба даст овардани ваҳдати миллӣ, арзишмандии он дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик, амалӣ гардидани ормонҳои миллати тоҷик ибрози назар намуд.

Академияи идоракунии давлатӣ

«Аҳамияти байналмилалии сулҳи тоҷикон»-таҳти ин унвон 24 июн бахшида ба 25- солагии Ваҳдати миллӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Дар конференсия ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Амид Комилбек иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Дар конференсия иштирокдорон дар мавзӯъҳои  «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва роҳҳои истифода аз он», «Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо» сухан намуда, зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ ифтихор, мерос ва рамзи муосири мост, ки фарҳанги баланди сулҳпарварии мардуми тоҷикро таҷассум мекунад. Мардуми тоҷик бо ин дастоварди таърихӣ хирад, фарҳанги баланд, майли анъанавии сулҳпарварӣ ва фалсафаи сулҳро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намоиш дод. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд. Бояд мо ҷавонон ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҷанги таҳмилие, ки қабл аз имзои созишномаи сулҳ ҷараён дошт, ҳазорон шаҳрвандро қурбон, модаронро гирён, фарзандонро бепадар ва қисми дигарро бесарпаноҳ кард.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то мамлакати мо аз вартаи ҷудоӣ раҳо гардида, сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамун ва Ваҳдату ҳамдили пойдор гардад. Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Зеро танҳо сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки ҳар давлату миллате ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ барқарор намояд ва иқтисодиёти кишвари худро таъмин намуда, ба иқдомҳои муҳими хеш мушарраф бигардад.

 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

«Мақом ва ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи Тоҷикистон»-таҳти ин унвон 24 июн дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 25 – солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Ректори донишкада  Жило Гулназарзода изҳор дошт, ки Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад.

Зикр шуд, ки ҳар як фарди худшиносу ватандӯст дар қалбу шуури худ эҳсоси ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлол талош намояд.

Дар идома узви Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Махфират Хидирзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гавҳар Шарофзода дар бораи таърихи Рӯзи ваҳдати миллӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ сухан намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш  дар мавзӯъҳои «Омӯзиши таҷрибаи ваҳдатсолории Пешвои миллат», «Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастовард дар таърихи халқи тоҷик» маърӯзаҳо шунида шуд.

АКС аз вазорату идораҳои марбута

Июнь 27, 2022 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент