РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Панели мавзӯӣ таҳти унвони «Тақвияти ҳамбастагии об ва тандурустӣ барои вокуниш ба чолишҳои ҷаҳонӣ баъд аз КОВИД-19» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Панели мавзӯӣ таҳти унвони «Тақвияти ҳамбастагии об ва тандурустӣ барои вокуниш ба чолишҳои ҷаҳони баъд аз ковид» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз «Кохи Сомон» — макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ.
Дар панели мазкур муовини Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки об барои саломатӣ муҳим аст ва манбаи калиди барои пешгирии сироятҳо дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
“Чанде қабл мамлакати мо Стратегияи миллии ҳифзи саломатӣ барои солҳои 2021-2030”-ро қабул кард, ки дар он афзалиятнокии беҳгардонии ҷанбаҳои об, санитария ва гигиена дарҷ гардидааст”, -тазаккур дод ӯ.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъкид кард, ки ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронс таъкид намуданд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав–ҳамагирии КОВИД–19 гардид. Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд. Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳамияти ҳаётӣ ва хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад”.
Абдухолиқ Амирзода ҳамзамон афзуд, ки дар Тоҷикистон имрӯз тамоми кормандони Вазорати тандурустӣ ва тамоми муассисаҳои зерсохтори он ба пурраги нисбат ба риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва тозагӣ бетафовут нестанд ва инчунин дар худи сохтори Вазорат Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунад, ки риоя намудани об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои тандурустӣ зери назорати ин он қарор дорад.
“Барои пешгирии пандемия ва ноил гаштан ба ҳадафҳои имрӯза, ки хушбахтона дар ҷомеаи Тоҷикистон бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта намешавад, саҳми давлату Хукумати мамлакат ва кормандони тибб назаррас аст, зеро дар таъмини оби нушокӣ, риояи ҳолатҳои санитарию гигиенӣ ҳамавақт кӯшиш ба харҷ дода мешавад”-гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» беш аз 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доранд.
Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Туҳфаҳои Пешвои миллат ба хонандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшан тақдим гардиданд
Оид ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти касбӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд
Бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар барои 460 нафар пешбинӣ шудааст
«СУЛҲОФАРӢ-МАРОМИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
Ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳияи Ёвон кумак расонида шуд
Ҷаласаи якуми Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СУЛҲОФАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст






